Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи 3 корхонаи истеҳсолӣ дар маркази шаҳри Исфара

12.10.2013 16:59, шаҳри Исфара

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази шаҳри Исфара ташриф оварда, 3 корхонаи истеҳсолиро ифтитоҳ намуд.

Дар оғози боздид аз шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази истеҳсолӣ ва хизматрасонии Ҷаҳони нав расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ доданд, ин бинои сеошёна аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат  Деҳқонов бунёд ёфта, дар он ҳоло 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ошёнаҳои якум ва сеюми бино толору утоқҳои махсус барои ташкили курсҳои омӯзиши технологияҳои  компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Аз донишу малакаи баланди забондонӣ ва кори толибилмон бо технологияҳои муосири иттилоотӣ аён аст, ки таълиму тарбия дар курсҳои омӯзишии ин марказ бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бино коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир шудааст, ки дар он 35 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Аз ҷониби дӯзандагони коргоҳ танҳо ҳамин сол 4000 маҷмӯъ либоси мактабӣ дӯхта шудааст. Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки шумораи ҷойҳои корӣ дар ин толор ба 100 расонда шавад, зеро масоҳати он хеле калон аст. Дар ин сурат шумораи ҷойҳои корӣ дар ин бино ба 265 хоҳад расид.

Соҳибкорзани маҳаллӣ Салима Исматова, ки ин толорро ба иҷора гирифта, ин коргоҳи дӯзандагиро ташкил додааст, ҳамчунин тасмим дорад корхонаи шахсии худро тармиму навсозӣ карда, боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи дигари корӣ таъсис диҳад.

Дар ин толор бо ибтикори ин модари кордон дӯхти либоси мактабӣ, либосҳои гуногуни мардонаю занона, аз ҷумла барои арӯсон ва пӯшишҳои идонаю ҷашнӣ ба роҳ монда шудааст.

Сипас дар маркази шаҳри Исфара боз як маркази истеҳсолию хизматрасонӣ бо номи Ҳабиб ифтитоҳ ёфт.

Ин бино ҳам сеошёна буда, дар зарфи 2 сол аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мухтор Аъзамов бунёд ёфтааст. Дар он наздики 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ошёнаи якуми ин бино аз ҷониби соҳибкори иҷорашин Садриддин Сироҷов коргоҳи дӯхти пойафзоли пашмин ба роҳ монда шудааст, ки қариб куллан ба минтақаҳои шимоли Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои зимистонаш сарду хушк содирот карда мешавад.

Дар ин коргоҳ 35 нафар ба кор ҷалб шуда, бо иқтидори кунуниаш дар як сол қариб 40 ҳазор ҷуфт чунин пойафзол истеҳсол мекунад. Ояндаи наздик иқтидори ин коргоҳ ба қариб 200 ҳазор ҷуфт дар як сол расонда хоҳад шуд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино коргоҳҳои дӯзандагии соҳибкорзан Раъно Маҳмудова ҷой гирифтаанд, ки дар онҳо 60 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Тавре зикр гардид, маоши дӯзандаҳо аз 700 то 1,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раъно Маҳмудова иттилоъ дод, ки оянда як бинои алоҳида барои корхонаи дӯзандагӣ бунёд намуда, беш аз 150 нафар занону духтаронро ба кори доимӣ ҷалб хоҳад кард.

Иншооти сеюми истеҳсолӣ, ки дар маркази шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, корхонаи коркарди меваи хушки соҳибкор Фахриддин Қурбонов буд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин корхона ҳар моҳ то 300 тонна ва дар як сол беш аз 3600 тонна меваи хушк коркард ва бастабандӣ мешавад. Дар ин корхона 40 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар паҳлӯи ин корхона соҳибкори дигари маҳаллӣ Анвар Шералиев се сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавоти тару тоза бунёд намудааст, ки дар ҳар яке 100 тоннагӣ маҳсулот нигоҳдорӣ мешавад.

Ин соҳибкор бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадорӣ гирифт, ки то соли оянда барои 2 ҳазор тонна меваю сабзавот сардхонаи муосир бунёд менамояд. Тавре зикр гардид, талабот ба сардхонаҳо дар шаҳри Исфара хеле зиёд аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520