Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабаргирӣ аз сарбозони маҷруҳ

16.10.2013 14:21, шаҳри Бӯстон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шифохонаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар гарнизони ҳарбии Суғд ташриф оварда, аз ҳоли сарбозоне, ки чанд рӯз пеш дар қатораи роҳи оҳан дучори садама шуда буданд, хабар гирифт.

Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шифохонаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар гарнизони ҳарбии Суғд, ки дар шаҳри Чкалов қарор дорад, аз ҷумла хотиррасон гардид, ки рӯзи 10- уми октябри соли  равон наваскароне, ки аз шаҳри Хуҷанд ба маркази ҷумҳурӣ тавассути қатораи роҳи оҳан интиқол дода мешуданд, дар қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон ба садама дучор шуданд. Бар асари аз роҳи оҳан баромада, сарозер шудани чанд вагон 45 нафар сарбозон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Як нафар дар шифохонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд ҷарроҳӣ карда мешавад ва ҳолати ин сарбоз ҳоло қаноатбахш аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои табобати босифат ва ба ҷойҳои доимии хизмати ҳарбӣ баргардондани ин муҳофизони ояндаи Ватан тадбирҳои судбахш андешанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои роҳ надодан ба чунин садамаву дигар ҳолатҳои нохуш низ пайваста чораандешӣ бояд кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520