Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи саноатии Суғд Пак дар шаҳри Чкалов

16.10.2013 14:48, шаҳри Бӯстон

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд корхонаи саноатии Суғд Пак ба кор дароварда шуд.

Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Миразиз Усмонов ва Шодимурод Саидов таъсис дода шуда, асосан ба истеҳсоли халтаҳои пропиленӣ барои бастабандии орд, шакар, дигар маҳсулоти ғизоӣ ва ҳам хокаҳои масолеҳи сохтмонӣ ба мисли семент, алибастер ва ғайра машғул хоҳад буд.   

Ҳоло дар ин корхона коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чопи навиштаҷоти рӯйи халтаҳо  ва ламинатсиякунии дохили халтаҳо  омодаи коранд. Яъне тамоми корҳои омодасозии халтаҳо аз ришта то маҳсулоти тайёр дар худи корхона ба роҳ монда шудааст. Танҳо гранула, ки ашёи хоми синтетикӣ барои истеҳсоли риштаю матои халтаҳо мебошад, аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

Ҳоло дар ин корхона беш аз 120 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шумораи коргарон дар ин корхона то  моҳи сентябри соли 2014 ба зиёда аз 720 нафар мерасад, ки беш аз 600 касаш занону духтарон хоҳанд буд. Оянда бо амалӣ шудани ҳамаи нақшаю армонҳои ин соҳибкорони хушзавқ шумораи ҷойҳои корӣ дар ин корхона ба зиёда аз 3 ҳазор хоҳад расид.

Бо иқтидори кунуниаш дар ин корхона беш аз 40 миллион дона халтаҳои хурду бузург истеҳсол карда мешавад, ки ҳар яке аз  2 кг то 2 ҳазор кг ғунҷоиш доранд. Тавре иттилоъ доданд, талаботи пурраи Тоҷикистон ба маҳсулоти ин корхона дар ҳоли ҳозир 17 миллион дона халта аст.  Маҳсулоти ин корхона ба хориҷи кишвар низ содир карда мешавад. Соҳибкорони асосгузори ин корхона барои пешниҳоди ин маҳсулот ба Қазоқистон, Русия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо бо шарикони хориҷии худ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондаанд, аз ин хотир оянда иқтидори ин корхона ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

Чунонки зикр гардид, ин соҳибкорон солҳои зиёд дар хориҷи кишвар фаъолият намуда, имрӯз тасмим гирифтаанд, ки бо сармояи гирдовардаашон дар ободонии Ватани азизи худ низ саҳмгузор бошанд.

Миразиз Усмонов, аз ҷумла иттилоъ дод, ки зимни яке аз мулоқотҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикони муқими Қазоқистон ӯ уҳдадор шуда будааст, ки як корхонаи калони саноатӣ дар Тоҷикистон  бунёд менамояд. Инак дастуру маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкор амалӣ гардид ва марҳилаи аввали корхона ба кор даромад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520