Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи фабрикаи ғанигардонии маъдани Корхонаи муштараки «Зарафшон»

03.08.2011 17:00, шаҳри Панҷакент

Дўстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Боиси хушнудист, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ робитаҳои мамлакати мо бо бисёр кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои гуногун торафт мустаҳакам гардида, дар натиҷа имрўз дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои муштарак оид ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти мухталифи саноатии ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият карда истодаанд, ки ин дар навбати худ яке аз омилҳои муҳимтарини рушди иқтисодии давлати мо мебошад.

Имрўз ба истиқболи ҷашни соҳибиистиқлолии кишварамон дар диёри бостонии Панҷакент дар сохтори Корхонаи муштараки «Зарафшон» боз як фабрикаи ғанигардонии маъдан бо иқтидори коркарди 2 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарўз мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки намунаи возеҳи вусъати ҳамкориҳои мо бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷалби сармояи берунӣ мебошад.

Аз ин рў, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромиро аввалан ба ифтихори 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, инчунин ба муносибати ифтитоҳи ин корхонаи нав самимона табрик мегўям.

Бояд гуфт, ки дар қаламрави кишвари азизи мо қариб ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок мавҷуд мебошанд. Танҳо дар водии Зарафшон то имрўз беш аз 40 кон муайян ва кашф гардида, ҳоло дар нўҳ кон истихроҷи маъдан ҷараён дорад.

Рушди соҳаи саноати коркарди маъдан яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлати соҳибистиқлоли мо ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти муҳимияти масъала ва зарурати рушди саноати маъдан мо бо татбиқ намудани як қатор барномаҳо, аз ҷумла бунёди корхонаҳои нав ва таҷдиду азнавсозии корхонаҳои саноатии амалкунанда ба ин раванд суръати тоза бахшида истодаем.

Солҳои пеш корхонаҳои саноатии кишвар асосан бо истихроҷ ва коркарди аввалияи маъдан машғул буда, маҳсулоти ниҳоӣ аз онҳо берун аз қаламрави мамлакат истеҳсол карда мешуд.

Ин омил ва мавҷуд набудани иқтидорҳои зарурӣ доир ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба рушди минбаъдаи соҳа монеаи ҷиддӣ эҷод мекард. Канда шудани робитаҳои истеҳсолӣ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта боиси ба мушкилиҳои зиёд рўбарў шудани иқтисоди кишвари мо гардид. Ва табиист, ки барои давлати навбунёди мо дар сатҳи зарурӣ барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ кори ниҳоят мушкил буд.

Тавре ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуда будам, рушди минбаъдаи иқтисодиёт дар навбати аввал аз самаранок истифода гардидани сарватҳои табиӣ ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ вобаста мебошад. Хурсандиовар аст, ки дар даврони истиқлолият татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба ба раванди густариши сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Ҳамин аст, ки дар давоми 10 соли охир зиёда аз 150 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 12 миллиард сомонӣ ва 200 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақим амалӣ гардида, корҳо дар самти рушди саноати истихроҷу коркарди маъданҳо босуръат идома доранд.

Дар ин росто, мо тасмим гирифтем, ки фаъолияти корхонаҳои саноатиро тадриҷан ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ва имкониятҳои воқеии иқтисоди кишвар мутобиқ гардонем.

ҳоло дар мамлакат якчанд корхонаҳои саноатии давлативу муштарак бо коркарди маъданҳои тиллову мис, нуқраву волфрам, сурбу рўҳ, симобу сурма, ангишту намак, сементу алюминий, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ ва нуриҳои маъданӣ машғуланд. Солҳои охир иқтидори содиротии онҳо хеле афзуда, ҳоло дар пешбурди иқтисоди миллӣ корхонаҳои зикршуда ҳиссаи назаррас доранд.

Аз ҷумла, дар вилояти Суғд дар давоми якуним соли охир зиёда аз 68 корхонаи нав ташкил гардида, ба ҳамин роҳ қариб ду ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Тибқи нақша дар коргоҳи имрўза, ки он низ ба тиллошўӣ ва истеҳсоли тилло шурўъ хоҳад кард, қариб 300 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Бо амалӣ шудани лоиҳаҳои мушаххас дар корхонаи мазкур ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то соли 2016 ба 1,2 миллиард сомонӣ ё ба ифодаи дигар 5 тонна тиллои холис хоҳад расид.

Алҳол роҳбарияти корхонаи муштараки «Зарафшон» тасмим гирифтааст, ки то охири соли ҷорӣ фаъолияти боз як коргоҳи нави поксозӣ, яъне аффинажро бо иқтидори солонаи 5 тонна тилло ва нуқра ба роҳ монад.

Бояд гуфт, ки дар заминаи конҳои тиллову миси ҷилав ва Тарор Корхонаи муштараки «Зарафшон» ба кор оғоз намуда, фаъолияти корхона аз соли 2007 инҷониб баъди ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Ширкати Зиҷинни давлати Чин ба маҷрои муайян даромадааст.

Тибқи нақшаи сармоягузории тарафайн барои таҷдид ва азнавсозии он ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва ранга ҷалби маблағи зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо дар давоми чор соли охир ба корхонаи мазкур 68 миллион доллар сармоягузорӣ гардида, дар натиҷа нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона афзоиш ёфт ва 1800 нафар мутахассисону кормандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

қобили зикри хос аст, ки корхона аз моҳи июни соли 2009 ба истеҳсоли маҳсулоти нави хокаи мис низ шурўъ намудааст, ки он қаблан ҳамчун партов нигоҳ дошта мешуд. Дар айни замон коргоҳи оҳакбарорӣ бо иқтидори 30 ҳазор тонна дар як сол, коргоҳи ба навъҳо ҷудокунандаву майдакунанда бо иқтидори 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарўз, майдони бо ишқор омехта кардан барои коркарди на камтар аз 2,5 миллион тонна маъданҳои каммаҳсул дар як сол пурра фаъолият мекунанд.

Илова бар ин, лоиҳаи асосноккунии техникиву иқтисодии кони ҷилав таҳия гардида истодааст, ки мувофиқи он бунёди фабрикаи нав бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарўз пешбинӣ шудааст.

Мехоҳам як масъаларо таъкид намоям, ки дар натиҷаи татбиқи самарабахши ислоҳоти иқтисодӣ ва фароҳамсозии фазои мусоиди сармоягузорӣ корхонаи муштараки «Зарафшон» давоми солҳои охир бо фоидаи молиявӣ фаъолият дорад.

Корхона дар баробари мусоидат дар ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоии ноҳия аз соли 2007 инҷониб ба буҷети давлат беш аз 167 миллион сомонӣ андоз супорида, дар солҳои 2009 - 2010 76 миллион сомонӣ фоида ба даст овардааст.

Ҳамчунин, корхонаи мазкур аз соли 2005 то имрўз ба бахшҳои иҷтимоии шаҳри Панҷакент ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ кўмак расонидааст.

Маҳз дар натиҷаи аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон сари вақт ҳал гардидани мушкилоти корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, шумораи ҷойҳои нави корӣ, пардохти андози давлатӣ ва воридоти техникаву технологияи муосир афзоиш ёфта, дар кишвар маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла истеҳсоли тилло сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба рушди иқтисоди миллӣ бо иштироки соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар назди Президенти мамлакат Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолият дорад, ки он маҷмўи масъалаҳои бамиёномадаро мунтазам мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар ҷаласаи қаблии Шўро Раиси Шўрои директорони корхонаи муштараки «Зарафшон» ҷаноби Тан Шан Фу ба узвияти он шомил гардид, ки ин нишонаи ҳамкории эътимодбахшу судманди ҷонибҳо мешавад.

ҳамзамон бо ин, мо ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додем, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузории мустақим, воридоти техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва зина ба зина афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, бахусус дар самти коркарди сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва дар ин замина тараққӣ додани соҳаҳои саноати металлургияи ранга, кимиё ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

ҳадафи мо аз ин иқдомот, пеш аз ҳама, татбиқи самарабахши барнома ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, вусъат додани истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо мебошад, ки, албатта, барои ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, ба вуҷуд омадани сарчашмаҳои нави даромад ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд.

Итминон дорем, ки дар ин раванд Корхонаи муштараки «Зарафшон», инчунин корхонаи навтаъсиси имрўза ҳамчун рамзи дўстиву ҳамкории Тоҷикистону Чин саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Бо изҳори умедворӣ ба идомаи неки равобити кишварҳоямон ҳамаи шумо ва сокинони Панҷакенти бостониро ба ифтихори бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори дигар табрик гуфта, ба ҳамаатон саломатӣ, бахту иқболи накў ва зиндагии хушу осуда орзу менамоям!

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520