Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон

21.10.2013 11:21, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмӣ дар саҳни ҳавлии назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ дар майдон саф оростанд.

 Меҳмони олимақомро дар назди Қасри Миллат Президенти кишвар Эмомалї Рањмон истиқбол гирифта, ба болои минбари фахрӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳарду давлат аз назди қатори сарбозон ва шиносоии мутақобила бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520