Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон

21.10.2013 13:31, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмӣ дар саҳни ҳавлии назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ дар майдон саф оростанд.

Меҳмони олимақомро дар назди Қасри Миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари фахрӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳарду давлат аз назди қатори сарбозон ва шиносоии мутақобила бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Зимни мулоқоту музокирот маҷмӯи васеи мавзӯъҳо ва масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёт, энергетика, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва хатти барқии баландшиддати CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон зоҳир гардид.

Ба омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва дигар лоиҳаҳои ояндадор низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бо қаноатмандӣ аз афзоиши бесобиқаи робитаҳои тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла таъкид гардид, ки тайи 8-10 соли охир ҳаҷми мубодилаи мол миёни онҳо 100 баробар афзудааст ва Афғонистон ҳоло дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар мақоми панҷум қарор дорад. Мувофиқасозӣ ва ба имзо расондани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон омили таконбахши бештари чунин ҳамкорӣ номида шуд.

Бо ёдоварӣ аз ҳамкории босамари сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аз ҷумла дар самти пурзӯр намудани ҳифзи марзи муштараки давлатӣ ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа ҳарду ҷониб бар зарурати густариши чунин робитаҳо таъкид доштанд.

Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба идомаи кумак ба сохторҳои Афғонистон барои омӯзиши кадрҳои низомию марзбонӣ, табибон, мутахассисони роҳи оҳан ва дигар соҳаҳо таъйид намуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгироии байналмилалии ду кишвари ҳамсоя сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Тоҷикистону Афғонистон 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи безарарсозии башардӯстонаи минаҳо;

- Протокол дар бораи ворид намудани илова ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ аз 27 апрели соли 2005.

- Созишнома миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғурта;

- Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба;

Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай ба натиҷаи мулоқоту музокироти имрӯза баҳои баланд дода, дурнамои муносибот ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи ду кишварро умедбахш номиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520