Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

21.10.2013 14:21, шаҳри Душанбе

Намояндагони мӯҳтарами воситаҳои ахбори умум,
Дӯстони гиромӣ,

Сафари расмии дӯстонаи Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай дар марҳалаи муҳими рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари бародару ҳамкешу ҳамфарҳанг ҷараён мегирад.

Дар силсилаи мулоқоту музокироти ҷонибайн мавзӯоту масоили муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, ҳамкории минтақавӣ ва таҳаввулоти ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом баррасӣ ва арзёбӣ шуданд.

Меҳвари асосии муколамаи сатҳи олӣ ва музокироти расмии мо тақвият ва таҳкими матлуби муносибатҳои дӯстонаамон ва дастёбӣ ба сатҳи сифатан нави ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар буд.

Дар ин росто ба татбиқи барномаҳои стратегӣ ва ниҳоят муҳими иқтисодӣ – роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон, хатти бузурги интиқоли барқи Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон (КАСА - 1000) таваҷҷӯҳи хос зоҳир шуд. Дар айни замон ҷонибҳо имкони бунёд ва тариқаи татбиқи тарҳи роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эронро баррасӣ намуданд.

Ҳар ду ҷониб бар онанд, ки амалигардонии онҳо ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро ба сатҳи сифатан нав боло бурда, ба бозсозии босуръат ва рушди иқтисодии Афғонистон ва тақвияти суботу амният дар қаламрави он ва дар минтақаи таърихии Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Мо тақвияти бештари равобит ва ҳамкории низомӣ, марзӣ ва амниятиро ба манзури пешгирии таҳдидоти муосир ва таҳкими марзи муштарак ҳамчун марзи дӯстӣ ва ҳамкорӣ амри зарурӣ медонем. Марзи бисёр тӯлонии мо, ки қариб 1400 километрро дарбар мегирад ва табиати кӯҳистонии душворгузари он тақвият бахшидани чунин чораҳоро тақозо дорад.

Мубодилаи афкор дар бораи роҳҳо ва механизмҳои густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ сурат гирифт.

Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро дар тарбияи мутахассисон дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва махсусан барои роҳи оҳани навбунёди Афғонистон иброз намуд.

Мо зарурати густариши пайгири ҳамкории минтақавиро таъкид карда, ҳусни ният, эҳтироми мутақобил, равиши созанда ва ҳусни ҳамсоягиро омилҳои асосии таъмини он ва тақвияти субот ва амният дар минтақаи мо арзёбӣ намудем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақши фаъол ва созандаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ибрози қаноъатмандӣ намуда, ҷонибдори ширкати фаъоли кишвари бародар дар Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Зимни баррасии вазъи кунунии ҷаҳони ислом мо зарурати ҳалли оҷили мушкилоти мавҷуда ва суботу амниятро таъкид намудем.

Ҷонибҳо хостори сатҳи баландтар ва босамартари ҳамкории кишварҳои исломӣ шуданд.

Мо бар онем, ки кишварҳои дорои захираҳои азими арзӣ ва имконоти васеи маблағгузорӣ метавонанд дар барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва зербиноии Тоҷикистон ва Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа, бахусус барномаҳои сохтмони хаттҳои интиқоли барқ, роҳҳои оҳан ва мошингард ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ намуда, ба ҳамкории васеътари кишварҳои худ бо Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол намоянд.

Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, ифротгароии ҷангталаб, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин росто Тоҷикистон иброз дошт, ки бо назардошти пешояндҳои вазъ дар соли 2014 баъди хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ҳамкориҳои муассири худро бо ҳамаи ниҳодҳои кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар бахшҳои низомиву амниятӣ ва марзӣ густариш хоҳад бахшид.

Дар айни ҳол мо таҳкими бештари низоми байналмилалиро барои таъмини субот ва амнияти ҷаҳонӣ амри зарурӣ медонем.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои эътимод, самимият, ҳусни ният ҷараён гирифтанд.

Мо дар ҳама масъалаҳо ва мавзӯоти муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, ҳамкории минтақавӣ ва байни кишварҳои исломӣ, равандҳои ҷаҳонӣ дидгоҳи ягона ва ё ниҳоят наздик доштем.

Мо аз мулоқоту музокироти анҷомшуда ва, дар маҷмӯъ, аз натиҷаҳои сафари расмии дӯстонаи Ҷалолатмаоб Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ибрози қаноатмандӣ намуда, ин сафари Ҷалолатмаобро иқдоми муҳим дар тақвияти дӯстии таърихии ду кишвар арзёбӣ менамоем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520