Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба

21.10.2013 14:24, шаҳри Душанбе

Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай дар таърихи 21-22 октябри соли 2013 мелодӣ мутобиқ бо 29-30 мизони соли 1392 ҳиҷрии хуршедӣ дар раъси як ҳайати олимақом аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал овард.

Дар мулоқотҳое, ки раҳбарони ду кишвар дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом доданд, масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай:

- бар мабнои муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамкорӣ, муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, ки омилҳои созанда ва муассири таҳким ва густариши пайвандҳои ду кишвар мебошанд;

- бо таъкид ба аҳаммияти истифода аз имкониятҳои густурдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ғайра;

ба шарҳи зер ба мувофиқат расиданд:

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ду кишвар, бар зарурати густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъкид намуданд.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо таъкиди пуштибонӣ аз усул ва меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, омодагии худро ба идомаи ҳамкориҳо ҷиҳати таҳкими сулҳ, субот ва амнияти минтақа изҳор карданд.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зарурати идомаи ҳамкории ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳониро бо Афғонистон пас аз хориҷ шудани нирӯҳои байналмилалӣ аз он кишвар дар соли 2014 ҷиҳати ҳифз ва таъмини сулҳу амният ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон таъкид намуданд.

4. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти Шӯрои олии сулҳи Афғонистон истиқбол ва изҳори умедворӣ намуд, ки ниҳоди мазкур дар масъалаи барқарор намудани сулҳу субот ва ҳалли масъалаҳои мавриди ихтилоф дар ҷомеаи Афғонистон нақши мусбат, фаъол ва созанда хоҳад дошт.

5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкории  худро дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва таҳдиду чолишҳои  мавҷуда идома хоҳанд дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо дарназардошти афзоиши амалҳои террористӣ дар манотиқи шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон, аз ҷумла афзоиши таҳдидҳои гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир  дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар, аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳо ва табодули таҷрибаҳои сохторҳои амниятӣ, сарҳадӣ ва мубориза бо маводди мухаддирро таъкид намуданд.

6. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба мақсади  таҳким ва густариши муносибатҳои сиёсӣ ройзаниҳоро дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар  ба таври мунтазам баргузор хоҳанд кард.

7. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пуштибонии худро аз сохтмони хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он ба Эрон ва Покистон таъкид намуданд. Дар ин замина изҳори омодагӣ гардид, ки хатти интиқоли барқи Сангтӯда-2 – Пули Хумрӣ  дар ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ  қарор мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зарурати татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро бо иштироки ниҳодҳои молиявии ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои мададрасон таъкид намуданд.

Дар ин росто, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аҳаммияти пайвастани шабакаи барқи Тоҷикистонро бо шабакаи барқи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тариқи қаламрави Афғонистон, ки аз ҳадафҳои муҳим дар самти густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин арса ба шумор меравад, таъкид намуданд.

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз пешниҳоди кашидани хатти лӯлаи газ ва интиқоли барқ аз қаламрави худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ намуд.

8. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон густариши  тиҷорати  наздисарҳадии байни ду кишварро муҳим арзёбӣ намуда, ба зарурати бунёд ва фаъол намудани гузаргоҳҳо ва бозорҳои наздисарҳадӣ дар мавзеъҳои Хумроғӣ-Ҷомарчи Боло, Шоҳон-Хоҳон, Кокул-Ойхоним ва Айвоҷ-Калдор таъкид намудаанд.

9. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон  ҳамкориҳои худро дар масъалаи истифодаи оқилона аз захираҳои обии дарёҳои ду кишвар, аз ҷумла барои истеҳсоли нерӯи барқ ва обёрии заминҳои  навкорам, бо дарназардошти ҳуқуқи байналмилалӣ ва манфиатҳои ҳамдигар густариш хоҳанд дод.

10. Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон бар пояи Ёддошти тафоҳуми байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркманистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мувофиқати худро дар мавриди бунёди хатти роҳи оҳани Отамурод-Оқина-Андхуй-Шибирғон-Мазори Шариф-Қундуз-Шерхон Бандар-Панҷи Поён ба унвони масири асосӣ таъкид намуда,  онро омили муҳимми инкишофи иқтисод ва тиҷорати минтақавӣ арзёбӣ намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон ба манзури пайванди ҳар чи зудтар, мусоидтар ва сарфаҷӯёнаи роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон аз масири Бешкент-Калдор-Хайратон-Исломпанҷа-Келиф низ пуштибонӣ карданд. 

11. Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон бо эътирофи аҳаммияти долони транзитии Шимол-Ҷануб, ки кишварҳои Осиёи Марказиро аз тариқи Афғонистон ва Покистон бо бандарҳои баҳрӣ мепайвандад, тасмим гирифтанд, то баҳсро рӯи Созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон дар наздиктарин фурсат идома бахшанд ва барои ба имзо расонидани он талош варзанд.

12. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон аз имзо шудани Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғурта дар ҷараёни сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол карданд.

13. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро мусбат арзёбӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати таҳким ва таъмиқи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар масъалаи таъсиси Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ зери роҳбарии руасои ҷумҳури ду кишвар мавриди баррасии тарафайн қарор гирад.

14. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон хостори инкишоф  ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ, донишгоҳӣ ва илмӣ мебошанд. Дар ин росто, тасмими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба донишҷӯёни афғон пешниҳод намудани бурсияҳои таҳсилӣ дар риштаҳои гуногуни таҳсил мавриди ситоиш қарор гирифт.

15. Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонии худро аз талошҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар таъмини сулҳу суботи пойдор дар он кишвар таъкид намуда, муҷаддадан ба идомаи ҳамкориҳо дар соҳаи такмили маҳорати касбии кормандони мақомоти низомӣ ва амнияти Афғонистон изҳори омодагӣ кард.

16. Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омодагии худро ба ҳамкориҳои густурда дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайра эълом дошта, бар зарурати ҳамоҳанг сохтани мавқеъҳои худ дар мавриди масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз тариқи ройзаниҳо ва табодули афкор таъкид намуданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай зимни ибрози хушнудӣ аз натиҷаҳои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба  мардум ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳусни меҳмоннавозӣ ва пазироии гарм изҳори сипос намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ  Раҳмонро даъват намуд, ки дар фурсати муносиб аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боздиди расмӣ ба амал оварад. Даъвати мазкур бо камоли сипос пазируфта шуд. Таърихи боздид аз тариқи  каналҳои дипломатӣ муайян хоҳад  гардид.

Ин Эъломия 21 октябри соли 2013 мелодӣ мутобиқ бо 29 мизони соли 1392 ҳиҷрии хуршедӣ дар шаҳри Душанбе дар ду нусха ба забонҳои тоҷикӣ ва дарӣ, ки ҳар ду эътибори яксон  доранд, ба имзо расид.

 

Эмомалӣ  Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳомид Карзай

Раиси Ҷумҳурии

Исломии Афғонистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520