Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

25.10.2013 16:40, Беларус

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Украина, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, намояндагони Қирғизистону Туркманистон ва Президенти кишвари мизбон Белорус ҷамъ омаданд.

Дар ҷаласа 14 масъала баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дигар масоили ҳамгироии гуманитарӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ зоҳир гардид. Соли 2015 соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 эълон гардид. Тавре зикр гардид, то соли 2015 барои мукофотонидани собиқадорони ҷанг ордену медалҳои ҷашнӣ таъсис дода мешавад.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520