Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Фархор

27.10.2013 10:17, ноҳияи Фархор

Имрӯз  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард.

Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Фархор оғоз ёфт.

Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст биноҳои нави Кумитаи иҷроияи маҳаллии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ифтитощ ёфт.

Тавре аён гардид, ин бино дуошёна буда, дорои ҳамаи шароити зарурии корӣ мебошад.

Дар саҳни ҳавлии бино Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як зумра аъзои нави Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон  шаҳодатномаҳои узвият ба ин ҳизбро тақдим намуд.

Сипас дар маркази ноҳияи Фархор китобхонаи марказии ноҳия ифтитоҳ ёфт.

Зимни шиносоӣ бо бинои китобхона, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, дорои 15 утоқи корӣ, хазинаи бузурги китоб, толори калони китобхонӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.

Ҳоло китобхона дорои 122 ҳазор номгӯй китоб аст, ки қариб 600 номгӯяш адабиёти тозанашр аст.

Китобхона, ҳамчунин дорои толори калони электронӣ бо 30 адад компютери ба интернет пайваст мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин толор курсҳои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шавад, то ки наврасону ҷавонон ҳамқадам бо рушди босуръати илму технологияҳои муосир таълиму тарбият ёбанд.

Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик аз мактаби рақами 10-и Абдулҳамид Маҷидов, ки китобхонаи шахсии дорои 7 ҳазор нусха китоб дорад, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чанд нусха китобҳои нодири таърихиро ҳадя намуд.

Зимни ифтитоҳи осорхонаи нави ноҳиявӣ, ки дар як гӯшаи боғи фарҳангию фароғатӣ қарор дорад, иттилоъ дода шуд, ки ин бинои зебои дуошёнаи бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст.

Осорхона дорои 2 толори бузург ва утоқҳои гуногун буда, ҳоло дар онҳо беш аз 200 нигораю дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби ширкати СУР САФ анҷом дода шудааст, баҳои баланд дод.

Бостоншиносони ҷумҳурӣ бо фараҳ иттилоъ доданд, ки дар арафаи ин сафар дар ҳудуди ноҳияи Фархор бозмондаҳои як шаҳри бостонӣ пайдо гардидааст. 72 ёдгорие, ки дар ҷойи он то имрӯз ошкор гардидааст, ба осори аввалҳои ҳазораи дуюми пеш аз мелод рост меояд. Яъне ин шаҳр, ки ба тахмини бостоншиносон ҳамон Фархори овозадори бостонӣ аст, беш аз 4 ҳазор сол таърих дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520