Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумаки моддии Президент ба ятмони кулл ва кӯдакону оилаҳои ҷавони ниёзманди ноҳияи Фархор

27.10.2013 13:38, ноҳияи Фархор

Дар маркази ноҳияи Фархор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тӯйи хайрияи арӯсию домодӣ ва хатнасури кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуд.

Тавре зикр гардид, бо саҳмгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба таври дастаҷамъона  тӯйи хайрияи арӯсию домодии 15 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 150 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҷуфти ҷавон ва кӯдаки хатнашаванда кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо 38 нафар кӯдакону наврасони аз падару модар ятиммондаи ноҳия суҳбат намуда, ба ҳамаи онҳо кумаки яквақтаи моддӣ расонд. Таъкид гардид, ки ин кӯдакону наврасон то синни балоғат расидану ба ҳаёти мустақил қадам гузоштан бояд пайваста аз ғамхорию дастгирии мақомоти масъули давлатӣ бархӯрдор бошанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520