Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ ва оғози сохтмони беморхонаи муосир дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Фархор

27.10.2013 13:50, ноҳияи Фархор

Дар деҳаи Тоҷикистони ҷамотаи деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби нави таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо шароити мактаби навбунёд, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бинои сеошёна аз ҷониби Диловар Муҳиддинов, ки соҳибкори тоҷик дар Федератсияи Русия мебошад, бо харҷи 7 миллиону 245 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои 420 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Аз ин маблағҳо қариб 750 ҳазор сомонӣ ба хариди таҷҳизот ва ашёи таълимӣ сарф гардида, синфхонаҳои фаннии мактаб мувофиқ ба талаби замон муҷаҳҳаз шудаанд.

Тавре иттилоъ доданд, сохтмони ин мактаб ҳанӯз солҳои 80 уми асри гузашта оғоз шуда, танҳо ошёнаи аввал ва қисмате аз ошёнаи дуюми он бунёд ёфта будааст. Бо сабабҳои маълум аввали солҳои 90 ум сохтмон қатъ гардида буд.

Аз ин хотир ин соҳибкори маҳаллӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаю созандагии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, сохтмони ин иншооти таълимиро ба итмом расондааст.

Тавре аён гардид, мактаб дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи босифати хонандагон аст.

Дар ҳудуди ҳамин деҳа аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асоси як маҷмааи тиббӣ, ки аз беморхона, таваллудхона ва дармонгоҳ иборат хоҳад буд, гузошта шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки ин иншоот низ аз ҷониби ҳамин соҳибкори ватандӯст, Диловар Муҳиддинов сохта ва бо таҷҳизоти тиббии аврупоӣ муҷаҳҳаз карда мешавад.

Дар ин иншоот беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520