Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Варзишгоҳи нави марказӣ дар ноҳияи Фархор

27.10.2013 14:47, ноҳияи Фархор

Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки басо зебою муҳташам аст.

Чунонки иттилоъ доданд, ин варзишгоҳ бо сарфи 12 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, дорои зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.

Анбӯҳи бешумори мардуми Фархор, ба хусус ҷавонону наврасони дӯстдори варзиш ва тарзи ҳаёти солим, ки дар ин иншооти боҳашамати варзишӣ ҳузур доштанд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкорона ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин варзишгоҳи зебо суханронӣ намуда, аз авҷи баланди бунёдкорию созандагӣ дар ноҳияи Фархор изҳори хушнудӣ кард. Хусусан ба соҳибкорони баору номуси маҳаллӣ, ки дар бунёди иншооти зиёди иқтисодию тиҷоратӣ, коммуникатсионӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми намоён доранд, арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

Дар майдони фарохи варзишгоҳ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш дода шуд. Ин чорабинии дилнишин ҳам аз оғози фаъолияти ин иншооти бузурги навбунёд башорат медиҳад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520