Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ

28.10.2013 09:28, ноҳияи Восеъ

Аз субҳи имрӯз  сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ идома ёфт.

Дар ноҳияи Восеъ нахуст бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи хусусии коркарди намак бо номи Хоҷа Муъмин ифтитоҳ ёфт.

Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмуд Ҳусейнов бунёд ёфтааст. Дар ин корхона, ки дар як шабонарӯз метавонад то 120 тонна намакро коркард намояд, 50 кас бо кори доимӣ ва то 30 нафари дигар бо корҳои мавсимӣ таъмин гардидаанд.

Ба иттилои роҳбарияти корхона дар ин ҷо соҳибкорони дигар низ метавонанд барои коркард намак биёранд, зеро худи онҳо  ҳоло иқтидори истеҳсолиро пурра мавриди истифода қарор надодаанд.

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки коркард, шустану  поксозии намак ва ҳамчунин бастубанди он бо технологияи муосири стандарти ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоташ барои содирот ба бозорҳои хориҷи кишвар ҳам нигаронда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ёдноккунии намак, ки барои нигоҳ доштани сиҳҳатии мардум басо муҳим аст, сифати сатҳи ҷаҳонии маҳсулот ва ба содирот нигарондани он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҳамчунин таъкид дошт, ки бояд иқтидори истеҳсолӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ афзун карда шавад.

Дар маркази ноҳияи Восеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими хайрияи тӯйи арусии 20 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 120 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд, ки ба таври дастаҷамъона ба роҳ монда шудааст, иштирок намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин кӯдакону наврасони аз падар ва ҳам модар ятиммондаи ноҳияи Восеъ, ки шумораашон 86 нафар аст, кумаки яквақтаи моддӣ расонда, туҳфаҳои хотиравӣ дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520