Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи беморхона дар ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ

28.10.2013 10:10, ноҳияи Восеъ

Дар ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи деҳотиро мавриди истифода қарор дод, ки дорои 40 кати хоб аст.

Тавре зикр гардид, ин беморхона, ки дар майдони 1 га ҷойгир шудааст, бо харҷи 5 миллион сомонӣ маблағҳои Вазорати тандурустии кишвар   сохта ва бо таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Чунонки аён гардид, беморхона дорои шуъбаҳои физиотерапия, бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, таваллудхона ва озмоишгоҳ мебошад. Дар шуъбаҳои мазкур дастгоҳҳои муосири гаронарзиш, аз қабили дастгоҳҳои ташхиси фаросавтӣ, нафасдиҳии сунъӣ, кардиограммаи барқӣ, бормошини дандонпизишкӣ ва ғайра насб гардидаанд. Беморхона, ҳамчунин дорои дастгоҳи рентгени сайёр мебошад.

Ин беморхона барои хизматрасонӣ ба 60 ҳазор аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ва Гулистони ноҳияи Восеъ пешбинӣ шудааст. Дар ин беморхона 50 нафар табибону дигар кормандон ба мардум хизмат мерасонанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин беморхонаи навбунёд 2 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ҳадя намуд.

Мардуми деҳоти ин ҷамоатҳо аз ифтитоҳи ин беморхона басо хушҳол гардида, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои чунин ғамхорӣ арзи сипос карданд, зеро то ин вақт аҳолии ин деҳот, хусусан хонаводаҳои ниёзманд аз норасоии хизматрасонии тиббӣ танқисӣ мекашиданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520