Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти намунавии хоҷагии деҳқонии Сабзи шаҳри Кӯлоб

28.10.2013 21:32, шаҳри Кӯлоб

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ибратбахши аъзои хоҷагии деҳқонии Cабзи шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дорои 300 га замин буда, дар 185 га пахта, 50 га ғалладона, 2,5 га сабзавот кишт намудааст. Дар майдони 36 га боғи намунавии меваҳои содиротӣ бунёд намудаанд, ки дар миёни қаторҳои он низ пахта кишт шудааст.

Хоҷагӣ 420 аъзо дорад ва аксари онҳо деҳқонону боғпарварони моҳир мебошанд. Аз ҳар гектар заминҳои пахтаашон то имрӯз ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ғун доштаанд ва имкони ҷамъоварии беш аз ин ҳанӯз мавҷуд аст.

Роҳбари хоҷагӣ Нуралӣ Шарипов аз фоидаи зиёди корҳои кишоварзии хоҷагӣ изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки азм доранд барои кӯдакони аъзои худ ва мардуми деҳоти наздик як бинои зебои кӯдакистон бунёд намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520