Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ дар шаҳри Кӯлоб

28.10.2013 21:40, шаҳри Кӯлоб

Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби боҳашамати Президентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 640 нафар хонандагони хушлаёқат аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин мактаби замонавӣ, аз ҷумла аён гардид, ки ин иншооти муҳими таҳсилотӣ бо тарҳи  зебо ва мутобиқ ба стандартҳои баланди соҳаи маориф бунёд ёфтааст.

Дар ин бино барои тамоми фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, кимиё ва биология, омӯзиши технологияҳои компютерӣ ва ҳунаромӯзии духтарону писарон синфҳои махсуси муҷаҳҳаз омода гардидаанд. Ду синфхонаи компютерӣ дорои 50 компютер буда, синфхонаҳои забономӯзӣ бо дастгоҳҳои лингофонӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

Толори маҷлисии мактаб дорои 608 ҷойи нишаст буда, дорои имкони баргузории ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ ҳам ҳаст.

Толори варзишии мактаб универсалӣ буда, ҳамчунин 300 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.

Ошхонаи мактаб барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, басо тозаю озода  ва мутобиқ ба стандартҳои баланди беҳдоштӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар мактаби Президентӣ барои ҳамаи 640 нафар хонандаи он хобгоҳи зебою муҷаҳҳаз бунёд ёфтааст, ки дорои тамоми шароити зист, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат мебошад.

Дар назди мактаб, ҳамчунин як бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ қомат афрохтааст, ки дар он 36 омӯзгор бо аҳли хонаводаашон бо манзили зист таъмин гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити беҳтарини дар ин мактаб муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, омӯзгорону хонандагонро ба омӯзиши амиқи илмҳои замона ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520