Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхонаю қасри варзишӣ ва оғози сохтмони қасри шиноварӣ дар шаҳри Кӯлоб

29.10.2013 15:55, шаҳри Кӯлоб

Нимаи дуюми рӯз дар кӯчаи Шоҳини шаҳри Кӯлоб як меҳмонхонаи муосир ва қасри бошукӯҳи варзишӣ ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ оғоз бахшида шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонхонаи муосири чорошёнаи дорои 50 ҷойи хобро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, дар ошёнаи якуми он мағозаи супермаркет ва ошхона ҷой гирифтааст.

Дар се ошёнаи дигар утоқҳои хоб мавҷуданд, ки барои 50 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

Дар ин бино, ки бо харҷи 10 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар миёни меҳмонхона ва қасри бошукӯҳи варзишӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони қасри болопӯшидаи намудҳои обии варзиш оғоз бахшида шуд. Тибқи лоиҳа, қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар ба кори доимӣ ҷалб мегарданд. Дарозию паҳноии ҳавзи асосии шиноварии ин бино 50х16 метр хоҳад буд, ки ба стандартҳои ҷаҳонии ин соҳа мутобиқ мебошад.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ қасри бошукӯҳи варзиширо ифтитоҳ намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре зикр гардид, ин қаср бо харҷи 42 миллион сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шуда, дорои толори асосӣ бо 3,5 ҳазор ҷойи нишаст, толорҳои хурди обутоби бадан алоҳида барои занон ва мардон, толори теннису бозиҳои мухталифи рӯйимизӣ ва дигар толору утоқҳо мебошад.

Дар ин иншооти зебои варзишӣ беш аз 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар маҷмӯъ дар меҳмонхона, қасри шиноварӣ ва қасри варзиш, ки ҳарсе бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Хадамоти алоқаи кишвар ва дигар муассисаҳои ин соҳа бунёд ёфтааст, беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, ҳазорон нафар сокинону меҳмонони Кӯлобшаҳри бостонӣ аз онҳо баҳра мебаранд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори калони қасри варзишӣ бо роҳбарияту фаъолон ва масъулону намояндагони сершумори соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии вилояти Хатлон мулоқоти судманд анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз авҷи тозаи бунёдкорию созандагӣ, ки солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла бо иштироки фаъоли соҳибкорони ватандӯсти дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолиятдошта ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, ба ҳамаи саҳмгузорони ин раванди ибратбахш арзи сипос намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дастовардҳои тамоми соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеаро таҳлилу баррасӣ намуда, барои бартарафсозии мушкилу монеаҳои мавҷуда ва таъмини рушди босуботу бонизоми минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят, аз ҷумла минтақаи Кӯлоби он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520