Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими Савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов

18.11.2006 14:00, шаҳри Душанбе

Рӯзи 18 ноябри соли 2006 дар Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки рӯзи 6 ноябри соли равон тариқи интихоботи умумихалқӣ аз нав ба ин вазифа интихоб гардид, баргузор шуд.

Бояд тазаккур дод, ки маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст бо назардошти тамоми меъёрҳои ҳуқуқию таърихӣ ҷараён мегирад.

Қисмати асосии ин чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар Кохи «Сомон»-и Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сохтмонаш дар арафаи ин рӯзи таърихӣ ба анҷом расид, баргузор гашт.

Бинои Кохи «Сомон» бо омезиши меъёрҳои меъмории анъанавии бостонӣ ва муосири олами Шарқу Ғарб ва бештар бо такя ба нозукиҳои санъати бостонию шӯҳратманди меъмории ниёгонамон бунёд ёфтааст.

Бино аз чор ошёна, зербино ва болохона иборат буда, сохтмони он аз ҷониби меъморону сохтмончиёни ватанию хориҷӣ анҷом ёфтааст.

Дар байни кох гунбази доирашакл қоим аст, ки аз боло то поин онро силсилачароғҳои дарозиашон 18 метр ва зинапояҳои давргардону сутунҳои боҳашамат оро медиҳанд. Сутунҳои боҳашамате, ки қариб ҳама толору гузаргоҳҳои биноро оро додаанд, аз ҷумлаи меъёрҳои бостонии меъмории ниёгони моанд, ки ҳамчунин дар осори меъмории давлатҳои бузурги гузаштаю имрӯзаи ҷаҳон низ мавриди пазироӣ ва истифода қарор гирифтаанд.

Кохи «Сомон» аз толори бузургу барҳаво барои бо бештар аз ҳазор ҷойи нишаст, толорҳои хурду миёна барои гузарондани конфронсу семинарҳо, як конгресстолор бо шакли амфитетр, ду толор барои нишастҳои матбуотӣ, утоқҳои мулоқотҳои хоссаю гурӯҳӣ, ҳуҷраҳои истиқоматӣ барои меҳмонони олимақом ва дигар утоқу толорҳо иборат аст.

Маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов расо соати 9:30 бо супурдани Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шакли хос ва такмилии ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи як бо шакли хос ва шаддаи хосси овеза таҳия гардидааст.

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ - ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи як, Шери болдор ва Шаддаи заррин иборат мебошад.

Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгӯшаи сурх ҷойгир аст, ки аз ёқути сурх сохта шуда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт аст.

Ёдовар мешавем, ки ёқути сурх аз ҷумлаи сангҳои қиматбаҳо буда, беҳтарин намунаҳои он дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Умуман ёқут, зумуррад, лаъл, тилло ва ҳама сангу металҳои қиматбаҳои дар нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашуда маҳсули табиати биҳиштосои Тоҷикистон мебошан.

Дар ҳалқаи давродаври заррини нишон ибораи «Ситораи Президенти Тоҷикистон» аз тилло ҳаккокӣ шудааст.

Дар дохили доираи ситораи ҳафтгӯша Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тилло тасвир ёфтааст.

Ситораи ҳафтгӯша бо нурҳои хос аз тиллои сафед оро ёфтааст, ки онро шукӯҳу зиннат бахшида, рамзи покию озодагии рӯҳ ва сират мебошад.

Ҳар хатти тӯлонии нур (маҷмӯан: 7 хатт) бо се лаъли ҳалқагин, хатҳои миёна (маҷмӯан: 14 хат) бо ду лаъли ҳалқагин ва хатҳои хурди нур (маҷмӯан: 14 хат) бо 1 лаъл оро ёфтаанд.

Ба ҳар гӯшаи 7-то) васл гардидааст, ки дар қисмати болоии он санги зумуррад дар шакли мураббаъ ҷойгир аст.

Ордени такмилёфтаи «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи як бо нишони ҳалқавии Шери болдори дар ҳоли ҳаракати доимӣ буда васл гаштааст. Шери болдор аз даврони қадим рамзи қудрат, шукӯҳ ва азамати давлат шинохтаю эътироф шудааст.

Нишони ҳалқавии Шери болдор аз ду ҷониб бо лавҳаҳои хосси заррин ва Шаддаи зарин пайваст аст. Тасвири ин лавҳаҳо ифодаи лавҳаи суннатии қудрат мебошад.

Шаддаи заррин 13 ҳалқаи зарринро дар таносуби муайян ва паиҳам пайванд намудааст.

Дар 6 ҳалқаи заррин тасвири Шери болдор ва дар 7 ҳалқаи заррини дигар дар заминаи ранги осмонӣ тасвири заррини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.


 

Ҳамзамон бо супурдани Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмонов дар толори тантанаҳои Кохи «Сомон» Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро, ки ба маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, бо иштироки даъватшудагон ифтитоҳ намуданд.

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намоядагони аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.

Бо эълони наттоқ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби афсарону сарбозони Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки либосҳои низомии идона ва шамшерҳои аз ниём кашида доранд, ба толор зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ворид карда шуданд.

Дар болои подиум Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби чап ва аз ҷониби рост Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.

Сипас бо эълони наттоқ Констиутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сипоҳиёни Горди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ба толор ворид карда шуда, дар болои лавҳаи махсус гузошта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори нахуст дар таърихи давлатдории миллии мо мавриди амал қарор мегиранд.

Хотиррасон мекунем, ки Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи рангҳо ва андозааш монанди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар маркази он тасвири «Дирафши Ковиён» омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст.

Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад.

Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» - чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дустӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳо ва халқҳо аст.

Дар дохили «Дирафши Ковиён» - чаҳор шохаи марғулла дар даври Хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд.

Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар заминаи осмони кабуд тасвир ёфтааст.

Дар болои тасвири Шери болдор Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

«Дирафши Ковиён» бо ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳарду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.

Дар қисмати болоии чӯбдасти Ливо лавҳаи заррин васл шудааст, ки дар он фамилия, номи падар ва номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри мӯҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ мегардад.

Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад.

Дар айни замон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки сари синааш бо Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дараҷаи I оро ёфтааст, ба назди Кохи «Сомон» меояд, ки дар пешорӯи он Қаровули фахрии Горди миллӣ саф кашидааст. Фармондеҳи Горди миллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омодагӣ ба маросим гузориш дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии Фармондеҳи Гордии миллӣ аз Қаровули фахрӣ дидан карданд. Дар ин асно садои шиллики ҳафтгона аз тӯпҳо танинандоз мешавад.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Кохи «Сомон» ворид шуда, ба толори тантанаҳо раҳсипор шуд.

Дар ду ҷониби роҳрави қолинӣ аз даромадгоҳи бино сар карда, то даромадгоҳи толор сипоҳиёни Қаровули фахрӣ саф кашаанд.

Аз ҷониби чап ва рости даромадгоҳи толор оркестри симфонӣ ва хори академии давлатӣ ҷой гирифтаанд.

Бо эълони наттоқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихории президентӣ ворид шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба болои подиум баромада, баъди эълони наттоқ мутобиқи Констиутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти рост ба болои Констиутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд кард.



Сипас чанд қадам қафо рафта, бо нимтаъзим Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса намуд.

Баъд аз ин Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои оркестри симфонӣ, хори академии давлатӣ ва ҳамчунин аз ҷониби аҳли толор зинда садо дод.

Сипас Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тантанавор тақдим намуд.

Зимни суханронии пурмӯҳтавои барномавии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов нахуст ба мардуми кишвар барои эътиқоду боварӣ зоҳир кардану аз нав ба мақоми олӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор донистани ӯ арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Ӯ ҳамчунин ба сарварони кишварҳои дуру наздики олам ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои табрикоти самимиашон изҳори сипос намуда, таманниёти неки онҳоро пеш аз ҳама ифодаи эҳтиром ба миллати куҳанбунёди тоҷик маънидод кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов азму иродаи қавӣ ва садоқати худро ба савганди соли 1992 ва дигар қасамҳояш бори дигар таъкид дошта, изҳор намуд, ки минбаъд низ тамоми қуввату ғайрат ва ҳастии худро барои таъмини ояндаи неки Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти хушбахтонаи халқи Тоҷикистон равона месозад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов таъкид дошт, ки бо интихоботи навбатии роҳбари давлат дар Тоҷикистон марҳалаи сифатан нав дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов таъмини амният ва истиқлолияти озуқавории кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, бартараф намудани такрори вазифаҳо дар мақомоти гуногун, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва ришвахӯриро аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии марҳилаи нави давлатдорӣ арзёбӣ кард.

Дурнамои сиёсати хориҷии кишварро бошад Эмомалӣ Раҳмонов чунин маънидод кард: «дар марҳалаи навини созандагии таърихӣ мо сиёсати «дарҳои кушода» ва прагматикии худро собитқадамона идома хоҳем дод. Мазмуни аслии он ҳамкории судманд ва беғаразона бо ҳама давлатҳои ҷаҳон аст».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов мақсаду мароми аслии тамоми чорабиниҳо ва барномаҳоро пеш аз ҳама баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон маънидод кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов нутқи худро бо чунин суханҳои воло ҳусни анҷом бахшид.

«Имрӯз рисолати бузургу пурифтихори савгандёдкунӣ ва бовариву эътимоди интихобкунандагон маро водор месозад, ки дар ҳафт соли оянда боз ба хиради азалӣ, азму иродаи созанда ва дастгириву пуштибонии беғаразонаи халқи азизам такя намоям.

Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падарону модарон, савганд ба нону намаки дастурхони пиру ҷавон, савганд ба обу хоки муқаддаси Ватан, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро бар дӯш мегирам.

Савганд ба ҷони ҳафт миллион фарзанди Тоҷикистони азиз, ки тамоми ҳастӣ, нерӯву ғайрат ва таҷрибаву иродаамро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебахшам».

Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо эълони наттоқ ба маросими гулгузорӣ ба пояи Муҷассамаи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганд ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони дӯстии пойтахт раҳсипор гашт. Аҳли толори тантанаҳо қисмати дуюми маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамон толор аз мониторҳо тамошо карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо мошини болокушода хамроҳи эскорти мотосиклҳо ба хиёбони Рудакӣ баромад. Аз ду ҷониб дар тӯли роҳ то Муҷассамаи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ӯро намояндагони аҳли ҷомеаи пойтахт бо як ҷаҳон ҳисси эҳтирому самимият ва меҳру муҳаббат шодбош мегуфтанд.

Дар майдони «Дӯстӣ» ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф кашидаанд. Қисми дигари майдонро анбӯҳи мардум пур кардааст.

Қофилаи мошинҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи Муҷассама қарор гирифт.

Аз ҷониби Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ фармони омодабош садо дод.

Дар ҳамин ҷо роҳбарони сохторҳои қудратии мамлакат - Вазири мудофиа, Вазири корҳои дохилӣ, Вазири амният, Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳади давлатӣ, Фармондеҳи Горди миллӣ бо либоси ҷашнӣ саф кашидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз мошин фуромада, ба сӯи Муҷассама равон шуд. Пешопеш афсари горди фахрӣ ва ду нафар сипоҳиён гулчанбарро бардошта, бо қадамҳои низомӣ пеш мераванд.

Баъди гузоштани гулчанбар ва лаҳзаи хомӯшӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо нимтаьзим ба Муҷассама эҳтиром ба ҷо овард. Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов ба пушти минбар гушат, ки аз ду ҷониб Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд.

 

 

Вазири мудофиаи ҷумхурӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба маросими савгандёдкунӣ ва паради ҳарбӣ гузориш дод.

Баъди салому дуруд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов суханронӣ намуда, савганди садоқат ба Президенти кишвар ёд кардани фармондеҳон, афсарон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомии мамлакатро эҳёи яке аз суннатҳои бостонии давлатдории ниёгон ва омили собиткунандаи масъулияти бузурги фарзандии онҳо дар ҳимояи Ватани азиз ва давлату миллати худ маънидод кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонов аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бе ягон таҳкурсии меросӣ ташаккулу такомул ёфта, дар барқарор, ҳифз ва устувор гардонидани суботи кишвар дар баробари саҳми беандоза доштан, инчунин дорои таҷрибаву маҳорати баланд гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов изҳори итминон кард, ки муҳофизони Ватан бо эҳсоси баланди рисолат ва масъулияти таърихии фарзандӣ ба савганди ҳарбӣ ва савганд ба Президенти Тоҷикистон содиқ монда, ҳифзи боэътимоди марзу буми аҷдодӣ ва давлати соҳибистиқлоли худро аз тамоми манфиатҳо боло гузошта, ба таври шоиста таъмин менамоянд.

Баъди итмоми нутқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «ура»-и секарата ва қарсакзаниҳои ҳозирин Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оркестри асбобҳои нафасии гарнизони ҳарбии Душанбе, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва кулли иштирокчиёни ин тантана зинда садо дод.

Ҳамзамон бо садо додани суруди миллӣ садои 21 шиллик аз тӯпҳо дар фазои пойтахти кишвараамон танинандоз шуд.

Баъд аз ин Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ калимаҳои савганди тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забон овард. Матн ва тартиби ин савганд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар арафаи ин рӯз қабул карда шуд, майяну танзим карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки ин чорабинӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори нахуст ҷараён гирифта, аз эҳёи боз як оини бостонии давлатдории ниёгонамон гувоҳӣ медиҳад.

Дар охири савганд афроди Қувваҳои Мусаллаҳ се карат «савганд» мегӯянд.

Сипас бо амри фармондеҳи парад расми гузашти низомӣ аз назди минбар оғоз ёфт.

Аз майдон нахуст донишандӯзони литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ба номи Мастибек Тошмуҳаммадов оғоз намудаанд. Сипас афсарону сарбозони вазорату идораҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, қӯшунҳои зудамал ва сарҳадию дохилӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии низомӣ ва ҳамчунин хизматчиёни дигар сохторҳо гузашт карданд. Паради ҳарбӣ, ки дар он беш аз 5 ҳазор нафар афсарону сарбозони шуҷои Ватан иштирок намуданд, бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷараён гирифт, ки аз омодагии баланди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва пурзӯр гаштани қудрати мудофиавии давлати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.

Бо ҳамин маросими тантанавии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷараён дошт, ба поён расид.

Инак бори нахуст бо гузашти 15 сол аз даврони истиқлолияти давлатӣ касб намудани Тоҷикистони азиз боз се оин ё рукни давлатдории миллии шакли президентӣ, яъне Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими савганди афроди Қувваҳои Мусаллаҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтанд ва маросими расмии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мукаммалу муназзам гашт.

СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ РАСМИИ
САВГАНДЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Ҳамватанони азиз!

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар сарнавишти таърихии миллати тамаддунпарвар ва давлати мустақили Тоҷикистон рӯзи воқеан фаромӯшнашаванда аст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои озоду демократӣ Президенти мамлакатро ба таври умумихалқӣ интихоб карда, ба ҷаҳониён ҷонибдории худро аз раванди сиёсати ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот, марҳилаи пайгиронаи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ собит намуд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу пурифтихор бо дарки амиқи аҳамият ва рисолати давлатдорӣ ва эҳсоси масъулият барои тақдири имрӯзу ояндаи миллат ва давлат ба тамоми халқи азизи Тоҷикистон, ки ба ман эътиқоду боварии бузург зоҳир карда, аз нав ба мақоми олӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор донист, аз самими қалб миннатдорӣ баён менамоям.

Бо камоли сарфарозӣ аз иродаи неку созанда, ширкати озоду фаъолона ва эътимоди шаҳрвандони мамлакат мехоҳам ба ҳар фарди бонангу номус ва огоҳу бедордили Ватан, падарону модарони бузургвор, бародарону хоҳарони арҷманд ва фарзандони азизу меҳрубон эҳтирому самимият ва орзуҳои беҳтарини худро иброз намоям.

Ман ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз марзҳои кишвар қарор доранд, барои ширкати фаъолонаашон дар маъракаи интихобот ва табрикоти самимонаи онҳо сипоси бепоён изҳор медорам.

Инчунин табрикоти самимонаи сарварони олимақоми кишварҳои дуру наздики олам ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналмилалиро на фақат ба шахсияти Президенти Тоҷикистон, балки пеш аз ҳама чун ифодаи эҳтиром ба миллати куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик медонам, ки маро мисли фарзанди худ ба камол расонидааст.

Ман ҳанӯз ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда будам, ки тамоми нерӯву ғайрат ва зиёда аз ин, ҳастиамро барои ояндаи неки Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азизам сарф мекунам.

Таърих бузургтарин ҳакам аст ва баъди солҳо ба ҳусну қубҳи фаъолияти роҳбарону пешвоён, аз ҷумла ба саҳми хоксоронаи ман дар мақоми олии Президенти Тоҷикистон баҳои арзанда медиҳад. Агар дар зарфи солҳои гузашта ба дастоварде ноил шуда бошем, ин қабл аз ҳама маҳсули талошу заҳмати фидокоронаи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Вале имрӯз масъулияти бузурги маросими савгандёдкунӣ, пеш аз ҳама бовариву эътимоди халқи азизам, ки тақдири мамлакатро дар тӯли ҳафт соли оянда бар дӯши ман вогузор намуд, водор месозад, ки савганди аввалаамро такрор намоям: то вақте ки дил дар синаам метапад, тамоми қуввату ғайрат ва ҳастии худро барои ободии Ватан, пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ва осудагии миллати тамаддунсозу соҳибмаърифати тоҷик фидо мекунам.

Дӯстони азиз!

Интихоботи мо - оғози марҳалаи сифатан нав дар татбиқи усул ва арзишҳои эътирофшудаи ҷомеаи демократӣ мебошад. Ширкати озод ва масъулонаи интихобкунандагон ва ҷонибдории амалии стратегияи муосири давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дастоварди арзишманди оғози ин марҳала аст.

Қобили зикр аст, ки дар давоми понздаҳ соли истиқлоли давлатӣ мо ба як силсила дастовардҳои таърихӣ ноил шудем ва заминаи амалии стратегияи навинро фароҳам овардем.

Ҳама дар хотир доранд, ки мо дар оғози роҳи соҳибистиқлолӣ дар вазъи ниҳоят сангини дохилӣ ва минтақавӣ қарор гирифтем: кишвари мо, ки амалан ҷумҳурии камрушд ва дорои мушкилоти ниҳоят зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва коммуникатсионии собиқ Шӯравӣ буд, бо фурӯпошии он давлат ва шиддати муборизаи дохилӣ ба вазъи сангинтар гирифтор шуд.

Ҳамзамон бо ин, афзоиши рӯзафзуни дахолати ҳалқаҳо ва қувваҳои муайяни давлатҳои хориҷӣ бо ҳамдастии фаъоли баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар дохили кишвар омили шиддати бесобиқаи бӯҳрони сиёсӣ ва табдили он ба ҷанги гражданӣ гардид.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва ҳассос эҷоди стратегияи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи халқи Тоҷикистон ва мусоидати хайрхоҳонаи кишварҳои олам ва ҷомеаи байналмилалӣ муваффақона татбиқ шуда, минбаъд ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид, миллати моро аз парокандагӣ ва кишвари азизамонро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид.

Бинобар ин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ризоияти иҷтимоӣ барои мо дастовардҳои арзишманд ва муқаддас мебошанд. Гузашта аз ин, онҳо омили муҳимтарини рушди минбаъдаи кишваранд ва бояд пайгирона тақвият дода шаванд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама хизмати бузурги мардуми солору сарбаланд ва хирадманди тоҷик мебошад.

Дар давоми солҳои истиқлолият Тоҷикистон мушкилоти зиёди иқтисодиро паси сар карда, имрӯз ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои татбиқи нақшаҳои бузурги пешрафт табдил ёфтааст.

Кишвари маҳбуби мо ҳоло имконияти воқеии гузаштан ба марҳалаи сифатан нави рушди иқтисодиву иҷтимоиро ноил гаштааст ва ояндаи он дурахшон мебошад.

Таҳкурсии асосии бунёди давлати аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта ва мунтазам рушдёбанда ташаккули иқтисоди бозории қобили рақобат ва муосир мебошад ва барои ин ҳамаи самтҳои ислоҳоти иқтисодӣ, чораҳои бартараф намудани проблемаҳо, мубориза бар зидди коррупсия суръатафзун ва мунтазам густариш дода мешавад.

Таъмини бонизоми рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардум дар асоси қабул ва татбиқи Стратегияи миллии рушд дар давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009, ки бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳамоҳанг мебошанд, амалӣ мегардад.

Дар ҳафт соли наздик ҳалли вазифаи ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии зерин, ки асоси рушди устувори иқтисоди миллӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум мебошанд, муҳим ва зарур аст.

Ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи нерӯи барқ дар Осиё ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд.

Инчунин корҳои геологиву ҷустуҷӯӣ, коркарди конҳои ангишт, ки дар Тоҷикистон захираҳои бузург доранд ва истихроҷи газу нафт инкишоф дода мешаванд.

Барои комилан раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ робитаи нақлиётии ҳамаи минтақаҳои кишвар дар тамоми фаслҳои сол, таҷдид ва сохтмони роҳҳои ҳозиразамони мошингард, бунёди нақбу пулҳо ва роҳҳо барои баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ босуръат идома дода мешавад.

Татбиқи чорабиниҳо барои таъмин намудани амният ва истиқлолияти озуқавории кишвар босуръат идома дода мешавад ва дар ин самт оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, азхуд намудани заминҳои нав, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, муҳайё намудани низоми такмилёфтаи қарздиҳӣ ва суғурта, ворид намудани технологияи пешқадам ва техникаи муосир, афзун намудани истеҳсоли тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди саноатии он, зиёд намудани иқтидори содиротии соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дастгирии давлатии он ҳамеша вусъат меёбад.

Барои рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан татбиқи чораҳои ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ ва ҳарчи пурра истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, зиёд кардани корхонаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, коркарди пурраи нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва ба рақобат тобовар, зиёд кардани корхонаҳои коркарди маъдан ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар вусъат дода мешаванд.

Ҷиҳати густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна дар кишвар фазои инвеститсионӣ ҳамаҷониба такмил дода шуда, барои ҷалби бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва технологияи муосир ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин ҷиҳати ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ, минтақаҳои махсуси саноатӣ ва сайёҳӣ чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Барои таъмини фаъолияти пурсамари бахши хусусӣ масъалаҳои татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ, ташкили сохтори нави молиявию бонкӣ барои дастгирии соҳибкорон, зиёд намудани имкониятҳои фаъолияти соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, дастгирии давлатии бахш ва пешниҳоди қарзҳои хурд барои ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ҳаллу фасл карда мешаванд.

Барои идораи бевоситаи раванди ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин ҷалби инвеститсияҳо сохтори алоҳида таъсис дода мешавад.

Бо мақсади густариши фаъолияти инвеститсионӣ ва соҳибкорӣ, ҳалли бонизоми масъалаҳои сармоягузорон ва соҳибкорон дар кишвар низоми соддагардида ташкил карда мешавад.

Сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ бемайлон идома дода мешавад ва он дар асоси ҷорӣ намудани механизми нави ташаккули буҷети миёнамӯҳлат, татбиқи сиёсати мутавозини буҷетӣ, таъмини шаффофият ва самаранокии идораи молияи давлатӣ, нигоҳ доштани қобилияти харидории асъори миллӣ, сатҳи пасти таваррум, устувории фаъолияти бонкҳо ва сохторҳои молиявӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба системаи бонкӣ, тақвияти назорати бонкӣ, зиёд кардани ташкилотҳои маблағгузории хурд, дастрас будани қарзҳо, такмили системаи пардохт, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва асъор амалӣ мегардад.

Ислоҳоти идораи давлатӣ ва сохтори идораи иқтисодиёт ба воситаи татбиқи чораҳо ҷиҳати ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, бартараф намудани такрори вазифаҳо дар мақомоти гуногун, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва ришвахӯрӣ амалӣ карда мешавад.

Мо роҳи ислоҳоти иқтисодӣ ва ташаккули иқтисоди бозориро пеш гирифтаем, барои густариши он тамоми чораҳоро амалӣ мегардонем ва дар ин роҳ ҳамкориро бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат медиҳем.

Мақсаду мароми аслии мо аз тамоми чорабиниҳо ва барномаҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон аст.

Расидан ба ин ҳадафҳои инсонпарварона ва олӣ, чунон ки борҳо таъкид карда будам, бевосита ба рушди соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг вобаста мебошад. Чунки кадрҳои донишманд ва мутахассисони варзидаи ватанпараст ба ҳалли проблемаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қодир ҳастанд.

Бинобар ин, соҳаҳои мазкур афзалиятнок дониста шуда, ҳамеша таҳти назорат ва таваҷҷӯҳи Ҳукумат қарор гирифтаанд ва дар оянда ба онҳо диққати боз ҳам бештар дода хоҳад шуд.

Ғамхории доимӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон аз вазифаҳои муҳими иҷтимоии давлат мебошад. Ба ин манзур дар солҳои оянда низ барои беҳбуди шароити зиндагӣ ва таъминоти онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои неки анҷомдодаамонро идома хоҳем дод.

Ҳамчунин сиёсати мо нисбат ба ҷавонон ва занон мисли солҳои собиқ давом ёфта, ғамхорӣ ба онҳо ва таъмини иштироки фаъолонаашон дар корҳои идораи давлат ва ҳаёти ҷомеа мавриди диққати ҷиддӣ қарор мегирад.

Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Рушди минбаъдаи институтҳои демократӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, озодии эътиқод ва изҳори ақида, сухан, матбуот ва такмили дигар унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазифаҳои муҳиму доимии давлат мебошанд.

Дар ин самт нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ, қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хеле муассир мебошад.

Бинобар ин, бо мақсади рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар ҳарчи зудтар Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ гардонида шавад.

Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти тамоми мақомоти ҳифзи хуқуқ, ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва аъзои ҷомеа буда, тамоюли муайянкунандаи он пурзӯр намудани мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб мебошад.

Мо бояд возеҳан дарк намоем, ки дар оғози марҳалаи нисбатан тӯлонӣ қарор дорем. Мазмуни аслии ин марҳала бунёди ҷомеаи пешрафта ва муосири демократӣ мебошад. Ин ҷомеа бояд қодир бошад, ки барои ҳар фарди Ватан зиндагии озоду шоиста ва пешрафти фарҳангиву маънавиро фароҳам ва таъмин намояд.

Татбиқи ин ҳадафи воло стратегияи дарозмуддат ва асосноки рушди миллиро тақозо дорад. Мо чунин стратегияро тарҳрезӣ ва пешниҳод хоҳем намуд. Самти муҳимтарини фаъолияти мо таҳкими давлатдории навин ва низоми сиёсиву идории он мебошад.

Ҳозирини арҷманд!

Ба шарофати истиқлоли Ватан, яъне баъди садсолаҳо имкони амалии он муяссар гардид, ки мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ гардем. Ин имкони заррини таърих ба давроне рост омад, ки таҳаввулоти амиқ ва ниҳоят зиддиятнок дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ҷараён доштанд ва бӯҳрони сиёсӣ ба авҷи худ мерасид.

Дар чунин шароити ниҳоят ҳассос ва хатарнок мо стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи минтақавӣ ва байналмилалиро таҳия ва амалӣ намудем, ки на фақат манфиатҳои олии миллии моро таъмин намуд, балки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил дод.

Дар ин марҳалаи навини созандагии таърихӣ мо сиёсати «дарҳои кушода» ва прагматикии худро собитқадамона идома хоҳем дод. Мазмуни аслии он ҳамкории судманд ва беғаразона бо ҳама давлатҳои ҷаҳон аст. Мо ба ягон кишвар ва давлат ғарази сиёсӣ надорем ва хоҳони равобити нек, содиқона ва холисона бо ҳама давлатҳо мебошем.

Ба манзури таъмини шоиста ва зарурии манфиатҳои дарозмуддати худ мо дар чаҳорчӯбаи шарикии стратегӣ бо Федератсияи Россия ҳамкориҳои судманд хоҳем дошт.

Ҳамзамон равобити фаъолу созанда ва рушдёбандаро бо кишвари бузурги ҳамсоя - Ҷумҳурии Халқии Чин таҳким бахшида, барои тавсеа ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худ бо Штатҳои Муттаҳидаи Амрико саъю кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Дар ин ҷода мо барпо намудан ва инкишофи матлуб бахшидан ба робитаву ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он дар ҳамаи арсаҳо, бахусус дар соҳаҳои иқтисодӣ, ҷалби технологияҳои муосир ба манфиати тарафайн ва ҳамкории минтақавию ҷаҳонӣ мешуморем.

Таъмини ҳамкории васеъ ва сатҳи муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ вазифаи ниҳоят муҳим ва стратегии марҳалаи кунунӣ аст.

Мо ҳамсояҳои таърихӣ мебошем ва абадан чунин хоҳем монд. Ҳадафи мо ин аст, ки ҳамсояҳои воқеан ва амалан нек бошем, монеа ва мушкилоти ба таври сунъӣ эҷодшударо аз байн барем ва ҳамкории созандаву судмандро таъмин намоем.

Мо чунин мешуморем, ки танҳо чунин сатҳи ҳамкорӣ якҷоя бо сатҳи баланди эътимоду боварӣ метавонад рушди зарурӣ ва зиндагии шоистаи мардумони моро таъмин намояд.

Самти дигари муҳими стратегияи дарозмуддати минтақавӣ ва байналхалқии мо вусъат бахшидан ба равобиту ҳамкории васеъ ва пайгирона рушдёбанда бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамҷавор, бахусус Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо тамоми кишварҳои мусулмонӣ ва умуман Осиё аст, ки он бояд дар таъмини фазои хуби эътимод ва ҳамкориҳои дӯстона мусоидати фаъол намояд.

Дар ин росто мо чунин меҳисобем, ки таъмини низоми босуботи амният ва ҳамкорӣ дар Осиё - ин қитъаи бузургтарини ҷаҳон бояд ҳадафи бузурги муштараки давлатҳои Осиё бошад.

Бахши муҳими сиёсати хориҷии мо ҳамчунон ширкати васеъ ва созанда дар фаъолияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, қабл аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии Евразия, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар институтҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд.

Дар айни замон зарур аст, ки ҳамкории мо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахусус Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдиду тараққиёт, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалии молиявӣ густариши бештар пайдо карда, ба пешрафти сохторҳои иқтисодии кишвар ва дар маҷмӯъ ба тараққиёти Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд.

Дар маҷмӯъ мо вазифадорем бо сиёсати ниҳоят санҷида, мутавозин ва созандаи хориҷӣ манфиатҳои миллии худро дар ҷаҳони дар ҳоли тағйиру таҳаввул таъмин намуда, ба мақоми шоиста ва сазовори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар низоми нави ҷаҳонӣ комёб шавем. Ин ҳадафи ҷорӣ ва дарозмуддати стратегияи миллии мост.

Ҳамватанони азиз!

Ман чун як фарзанди миллат аз рӯзҳои аввали фаъолиятам дар маснади олии Сарвари давлат ва Президенти мамлакат аз дастгириву пуштибонии халқ ва азму иродаи хайрхоҳонаи мардуми кишвар нерӯву мадори тоза гирифта, бо мадади рӯҳи бузургони гузашта ва дуои неки мӯйсафедон мушкилоти гарони иҷтимоиву иқтисодӣ ва муборизаҳои шадиди сиёсиро паси сар мекардам.

Маҳз азму иродаи қавӣ ва ҷонибдории беғазаронаи шумо буд, ки мо дар тӯли понздаҳ соли истиқлолият на танҳо оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш кардем, балки сарҷамъии миллатро таъмин намуда, пойдевори давлату давлатдории мустақилро гузоштем ва бо дарки масъулияти таърихӣ сулҳу ризоият ва ваҳдати шикастнопазири миллиро фароҳам оварда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо кардем.

Маҳз кору пайкори бардавом, саъю талоши пайгирона ва меҳнати ҳалолу бунёдкоронаи шумо буд, ки мо аз касодии иқтисодӣ ва бӯҳрони шадиди сиёсии дохилӣ раҳо ёфта, ба шоҳроҳи рушди босуръат ва устувори иқтисодӣ ворид шудем ва роҳи ободониву созандагиро пеш гирифтем.

Мову шумо бо тақозои давр сӯи ҷомеаи адолатноки шаҳрвандӣ қадам ниҳода, низоми муассири ҳифзи иҷтимоиро эҷод намудем, ки фарогири манфиатҳои ҳар фарди мӯҳтоҷ ва ниёзманд аст. Гузашта аз ин, барои рушди рӯзафзуни илму маориф, тандурустӣ, фарҳангу маънавиёт, суннату анъанаҳои писандида ва арзишҳои гуногуни миллӣ фазои мусоид фароҳам овардем.

Имрӯз рисолати бузургу пурифтихори савгандёдкунӣ ва бовариву эътимоди интихобкунандагон маро водор месозад, ки дар ҳафт соли оянда боз ба хиради азалӣ, азму иродаи созанда ва дастгириву пуштибонии беғаразонаи халқи азизам такя намоям.

Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падарону модарон, савганд ба нону намаки дастурхони пиру ҷавон, савганд ба обу хоки муқаддаси Ватан, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро бар дӯш мегирам.

Савганд ба ҷони ҳафт миллион фарзанди Тоҷикистони азиз, ки тамоми ҳастӣ, нерӯву ғайрат ва таҷрибаву иродаамро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебахшам.

 

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Э. Ш. РАҲМОНОВ ДАР МАРОСИМИ РАСМИИ САВГАНДЁДКУНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ
СОХТОРҲОИ НИЗОМИИ МАМЛАКАТ ДАР НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам ҳомиёни Ватан!

Чанд лаҳза қабл ман дар ҳузури аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ, доираи васеи намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон ва корпусҳои дипломатии муқими кишварамон савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар шиносномаи давлат – Конститутсия сабт шудаасту онро Президенти навинтихобшуда пеш аз шурӯъ кардан ба иҷрои вазифа ёд мекунад, бо дарки масъулияти баланд дар назди миллати сарбаланди худ иброз доштам.

Илова ба ин, дар баробари такроран таъкид намудани қасами 14-сол пеш ёдкардаи хеш, инчунин ба номи поки Худо, ба шири сафеди модар, ба дуои неки падарону модарон, ба нону намаки дастурхони пиру ҷавон, ба обу хоки муқаддаси Ватан, ба ҷони ҳафт миллион мардуми мамлакат савганд ёд кардам, ки тамоми ҳастии худро ба Тоҷикистони азиз мебахшам.

Шумо хуб медонед, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таҳдиди хатари парокандагии давлату миллати мо маҳз дар натиҷаи худро бетараф эълон намудани баъзе сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба миён омада буд.

Ҳоло шумо - фармондеҳон, афсарон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомии мамлакат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд дар бораи садоқати худ нисбат ба Ватани азиз, давлату миллат ва Сарвари давлати навинтихобкардаи кулли мардуми кишвар дар назди Президенти Тоҷикистон савганд ёд менамоед ва бо ибрози он ҳар яки шумо дар ҳимояи давлату миллати худ масъулияти бузурги фарзандиро ба зимма мегиред.

Маросими кунунӣ қисми таркибӣ ва муҳими суннати навин ва бошукӯҳи сиёсӣ ва расмист, ки имрӯз амалан бунёдгузорӣ мешавад. Шабеҳи ин маросим ва расми савгандёдкунии шумо бо изҳори садоқат ва вафодорӣ ба Президенти мамлакат дар давлатдории миллии мо анъанаи дерин, таърихӣ ва нек аст.

Дар айни замон, ки Президенти Тоҷикистон дар интихоботи озоду демократӣ ва бо иродаи возеҳу қотеъи кулли мардум интихоб гардид, эҳёи ин анъанаи судманди таърихиро ба хотири таъмини боэътимоди амният ва ҳифзи суботи устувори давлату миллат муфид ва матлуб меҳисобам.

Амният, сулҳу субот дар кишвар ва ваҳдату иттиҳоди миллӣ асоси пешрафту тараққиёти Ватан мебошад. Масъулияти азими ҳимоя ва таъмини онҳо ба зиммаи шумо - муҳофизони Ватан, яъне хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот гузошта шудааст.

Мо ҳоло аз он қаноатмандем, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бе ягон таҳкурсии меросӣ ташаккулу такомул ёфта, дар барқарор, ҳифз ва устувор гардонидани суботи кишвар дар баробари саҳми беандоза доштан, инчунин дорои таҷрибаву маҳорати кофӣ гардид.

Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи шумо барои садоқати шоиста ба Ватан, талоши пайваста барои ҳифзи суботу амнияти устувори Тоҷикистони азиз ва адои хизмати содиқонаи ҳарбӣ миннатдории худро иброз медорам.

Дӯстони азиз!

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки дар он ошкорову ниҳонӣ падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, қочоқи маводи мухаддир хатару таҳдидҳои навро ба миён овардаанд, мо бояд ба иқтидори мудофиавии кишвари худ тақвият бахшем.

Дар баробари ин, мо бояд хуб дарк намоем, ки нерӯ ва қудрати мудофиавии кишвар аз садоқату вафодории комили хизматчиёни ҳарбӣ, яъне аз сарбозони қаторӣ то афсарони баландрутбаи мамлакат нисбат ба Ватан ва давлату миллат вобаста аст. Низоми муташаккили Қувваҳои Мусаллаҳ бошад дар риояи қатъии қонуният ва иҷрои ҳатмии талаботи оинномавию дастурии хизмати ҳарбӣ зоҳир мегардад.

Мо итминони комил дорем, ки шумо - муҳофизони Ватан бо эҳсоси баланди ин рисолат ва масъулияти таърихии фарзандӣ ба савганди ҳарбӣ ва ба савганди имрӯз дар назди Президенти Тоҷикистон ёдкардаи худ содиқ монда, ҳифзи боэътимоди марзу буми аҷдодӣ ва давлати соҳибистиқлоли худро аз тамоми манфиатҳо боло гузошта, ба таври шоиста таъмин менамоед.

Ва дар адои ин қарзи муқаддас ва вазифаи шарафманду масъулиятнок ба ҳамаи шумо бурдборӣ, муваффақият ва сарбаландӣ орзумандам.

Саломат бошед!

 

СУХАНРОНӢ ДАР ЗИЁФАТИ РАСМӢ БА МУНОСИБАТИ
САВГАНДЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Ҳозирини арҷманд,
Меҳмонони гиромӣ,

Дар зиндагии ҳар миллат лаҳзаҳои хос ва ҳассос ҳастанд, ки дар рӯҳу равон ва ҳастии таърихии он нақши ниҳоят муассир доранд. Интихобот маҳз чунин лаҳза аст.

Он иродаи мардумро возеҳ ва равшан ифода менамояд ва дар асл интихоби огоҳонаи роҳи оянда ва сарнавишти кишвар ва мардум аст.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба эътирофи умум дар фазои шаффофу демократӣ ва созанда баргузор гардид, дастгирии ҳамаҷонибаи мардумро аз сиёсати собитқадамонаи ваҳдат ва ризоияти миллӣ, созандагӣ ва пешрафт барои ҷаҳониён исбот намуд.

Ва ин дастоварди бузурги таърихӣ ва миллии мост.

Қобили зикр аст, ки дар муддати 15 соли истиқлоли Ватан мо дастовардҳои муҳим ва таърихӣ доштем. Табиист, ки мушкилот ва проблемаҳои зиёд дорем. Мо онҳоро хуб медонем ва барои ҳалли оқилона ва босамари онҳо талоши фаъол дорем.

Мо имконоти амалии татбиқи ҳадафи худ ва стратегияи созандагиро дорем: кишвари мо соҳиби захираҳои азими табиӣ ва стратегӣ, сатҳи баланди тамаддунӣ ва бахусус нерӯи бузурги ақлонӣ аст.

Мардуми мо меҳнатдӯст, таърихан созанда ва ободгар, ватандӯст ва дурандеш аст.

Мо иродаи қавӣ ва сиёсати асосноку санҷида ва усулӣ дорем.

Калиди ҳамаи пирӯзиҳои мо – чӣ дастовардҳои дирӯзи таърихӣ ва чӣ барномаҳои муваффақонаи оянда – ҷонибдории ҳамаҷонибаи халқ аст. Эътимод ва ҷонибдории халқи азиз барои ман амри табаррук ва ниҳоят арзишманд аст, зеро доиман худро фарзанди халқ ва Ватани муқаддас эҳсос менамоям.

Имрӯз, ки дар ин маҳфили бошукӯҳ Шумо намояндагони саршинос, соҳибэҳтиром ва фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон ҷамъ омадаед, ман бо камоли мамнуният изҳор медорам, ки имрӯзи неки кишвар натиҷаи саъю талош ва фаъолияти созандаи Шумо ва тамоми мардум аст.

Ман саъю талоши кормандони сатҳҳои мухталифи мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, ҳамаи ҳомиёни Ватан, сохторҳои низомӣ ва қудратӣ, мақомоти ҳимояву ҳифзи ҳуқуқ ва афроди созмонҳои гуногуни кишварро ниҳоят арзишманд медонам.

Бахусус фаъолияти созанда ва тамаддунсози зиёиён ва фарҳангиёни кишвар, қабл аз ҳама, олимон, адибон, санъаткорон ва рӯзноманигарони ватандӯст қобили зикри хос аст.

Саъю талоши фидокоронаи омузгорон ва табибони кишвар дар солҳои вазнини сипаришуда ва имрӯз сазовори таҳсин аст.

Мо ба он комёб шудем, ки занону духтарони Ватан дар ҳама арсаҳо фаъолияти озод ва созанда намоянд.

Имрӯз саҳми ҷавонон дар ҳама арсаҳои иҷтимоӣ афзоиши рӯзафзун дорад.

Ман бовар дорам ҷавонони мо фарзандони содиқ, огоҳ ва сазовори Ватани мустақили худ хоҳанд буд.

Ман имрӯз бо умеди зиёд ба навҷавонон ва кӯдакони Ватан менигарам. Мо барои онҳо бояд тамоми шароити рушду камоли сатҳи муосирро фароҳам намоем.

Ман саодати ҳақиқии худ ва мардумро дар таъмини ваҳдати шикастнопазири миллӣ мебинам.

Мо бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва пайваста таҳким бахшем.

Вазифаи муҳим ва стратегӣ – тақвияти ризоият ва ҳамбастагии иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст. Мо бояд фаромӯш насозем, ки қабл аз ҳама фарзанди Ватани азиз мебошем.

Тоҷикистони соҳибистқлоли мо хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон ва пайвандгари тамоми форсизабонон мебошад.

Ҳамзамон бо пайравӣ аз суннатҳои бузурги миллӣ ва таърихӣ хонаи меҳмоннавози мо ба рӯи дӯстон ва ҳама афроди беғараз ва дорои ҳусни ният боз аст.

Мо омодаи равобит ва ҳамкории дӯстона бо ҳама халқҳо ва кишварҳо мебошем.

Бо арзи эҳтироми самимӣ ва бо итминони комил ба ояндаи дурахшони Ватан дар ин рӯзи саид ва таърихӣ нӯшбод мегӯям:

Пойдор ва абадӣ бод ваҳдати миллӣ!

Зинда бод Тоҷикистони озод ва соҳибистиқлол!

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни
ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Моддаи 1. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур

Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Моддаи 2. Асосҳои ҳуқуқии Қонуни мазкур

Асосҳои ҳуқуқии Қонуни мазкурро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Моддаи 3. Маросими савгандёдкунӣ

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз савганд ёд намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе савганди тантанавӣ ёд мекунанд.

Моддаи 4. Матни савганди тантанавӣ

Мо, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ботантана савганд ёд мекунем:

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба халқу Ватан содиқ мемонем;

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян ва бечунучаро иҷро менамоем;

ҳомии бошарафи Ватан буда, ҳушёрӣ, далерӣ ва садоқатмандии худро то нафаси охирин бошарафона нигоҳ медорем;

Ватан ва халқи худро мардонавор ҳифз менамоем;

баҳри ҳифзи Ватан, марзу буми он, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳамеша омода буда, ҳаёт ва ҷони худро дареғ намедорем.

Агар ин савганди худро шиканем, бигузор ба ҷазои сахт ва нафрати халқ гирифтор шавем.

Моддаи 5. Тартиби савгандёдкунии тантанавӣ

Дар маросими гузаронидани савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Моддаи 6. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 7. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

 

шаҳри Душанбе
15 ноябри соли 2006
№205.

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии онҳоро танзим мекунад.

Моддаи 1. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Моддаи 2. Тасвири Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои хоси росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.

Даври Ливо ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалин дастдӯзӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.

Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст.

Дар Маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст.

Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» - чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст.

Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марғула дар даври Хуршед – ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши замин ва дигар аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад.

Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар рӯи осмони кабуд инъикос ёфтааст.

Дар болои тасвири Шери болдор Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инъикос ёфтаанд.

«Дирафши Ковиён» аз ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдӯзӣ мешавад.

Андозаи «Дирафши Ковиён» 3:5 таносуби Ливо аст.

Дар қисмати болоии чӯбдасти Ливо лавҳаи заррин васл мегардад, ки дар он фамилия, ном ва номи падари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри мӯҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ мешавад.

Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази заррин дорад.

Моддаи 3. Тасвири Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси такмили ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як» бо шакли хос ва шаддаи хоси овеза тайёр карда шудааст.

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ –ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як», Шери болдор ва Шаддаи заррин иборат мебошад.

Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгӯшаи сурх, ки аз ёқути сурх сохта шудааст, ҷойгир буда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт мебошад.

Дар доираи давродаври заррин ибораи «Ситораи Президенти Тоҷикистон» аз тилло ҳаккокӣ шудааст.

Дар дохили доираи ситораи ҳафтгӯша Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тилло тасвир гардидааст.

Ситораи ҳафтгӯша бо нурҳои нуқрагин зиннат ёфтааст, ки онро шукӯҳ ва ороиш бахшида, рамзи покӣ ва озодагии рӯҳу сират мебошад.

Ҳар хатти тӯлонии нур (маҷмӯан: 7 хат) бо се лаъли ҳалқагин, хатҳои миёна (маҷмӯан: 14 хат) бо ду лаъли ҳалқагин ва хатҳои хурди нур (маҷмӯан: 14 хат) бо 1 лаъл оро ёфтаанд.

Ба ҳар гӯшаи Ситора лавҳаи мураббаи заррин (маҷмӯан: 7 лавҳа) васл гардидааст, ки дар қисмати болоии он зумуррад дар шакли мураббаъ ҷойгир аст.

Ордени такмилёфтаи «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як» бо нишони ҳалқавии Шери болдори дар ҳоли ҳаракати доимӣ буда, васл карда шудааст. Шери болдор рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат мебошад.

Нишони ҳалқавии Шери болдор аз ду ҷониб бо лавҳаҳои хоси заррин бо Шаддаи заррин пайваст аст. Тасвири ин лавҳаҳо ифодаи суннатии қудрат мебошад.

Шаддаи заррин 13 ҳалқаҳои зарринро дар таносуби муайян ва паиҳам пайванд намудааст.

Дар 6 ҳалқаи заррин тасвири Шери болдор ва дар 7 ҳалқаи заррин дар заминаи ранги осмонӣ тасвири заррини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

Моддаи 4. Маҳали нигоҳдошт ва тартиби истифодаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳали нигоҳдошти нусхаи асли Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи он пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.

Нусхаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, қароргоҳи зисти доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қароргоҳҳо ҳангоми ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Ҳангоми дар хориҷа ба сифати шахси расмӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби протоколи тарафи қабулкунанда метавонад дар қароргоҳи зисти муваққатӣ ва воситаи нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шавад.

Ҳангоми гузоштани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сатҳ афрохта мешаванд.

Дар ҳама ҳолатҳои якҷоя афрохтани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи онҳо бояд баробар бошад.

Моддаи 5. Тартиби истифодаи Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои давлатӣ, гузаронидани парадҳои расмӣ, қабули шахсони расмии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоридани мукофотҳои давлатӣ, қабули расмӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои дигар, инчунин ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба сифати меҳмони фахрӣ даъват шудааст ва ё дар пазироии расмӣ ҳузур дорад мутобиқи тартиби протоколи тарафи қабулкунанда метавонад мавриди истифода қарор дода шавад.

Моддаи 6. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ба вазифа шурӯъ намудан ва баъд аз савганд ёд кардан аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

Дар маросими ба вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ӯ афрохта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мансаб дорандаи ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як» мебошад.

Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Риояи талаботи Қонуни мазкур ҳангоми афрохтани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузошта мешавад.

Таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле, ки набошад, манъ аст.

Шахсоне, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи Қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 8. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе
28 июли соли 2006
№ 192

 

РАМЗҲОИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки моҳи июли соли равон ба тасвиб расида буд, имрӯз ин рамзҳо, яъне Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва омода гаштаанд. Рӯзи 18 ноябр дар ҷараёни маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмонов, ки тариқи интихоботи умумихалқӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав интихоб шуд, рамзҳои президентии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори нахуст мавриди амал қарор мегиранд. Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он рӯз ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов дар фазои тантанавӣ расман тақдим мегардад.

Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

ТАВСИФИ
ЛИВОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои махмалини хосси росткунҷаест, ки аз се рахи уфуқии ҳамранги Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Паҳноии рахҳои сурху сабзи болою поён ба ҳам баробар буда, паҳноии рахи сафед якуним баробари яке аз рахҳои рангаро ташкил медиҳад.

Даври Ливо ба андозаи 50мм бо ресмони зарҳалин дастдӯзӣ ва бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.

Таносуби бару дарозии Ливо 1 бар 2 метр аст.

Дар маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст.

Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад.

Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» - чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дустӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳо ва халқҳо аст.

Дар дохили «Дирафши Ковиён» - чаҳор шохаи марғулла дар даври Хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд.

Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар заминаи осмони кабуд тасвир ёфтааст.

Дар болои тасвири Шери болдор Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

«Дирафши Ковиён» бо ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳарду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.

Андозаи «Дирафши Ковиён» 3:5 таносуби Ливо аст.

Дар қисмати болоии чӯбдасти Ливо лавҳаи заррин васл шудааст, ки дар он фамилия, номи падар ва номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри мӯҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ мегардад.

Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад.

 

ТАВСИФИ
НИШОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шакли хос ва такмилии ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи як бо шакли хос ва шаддаи хосси овеза таҳия гардидааст.

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ - ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи як, Шери болдор ва Шаддаи заррин иборат мебошад.

Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгӯшаи сурх ҷойгир аст, ки аз ёқути сурх сохта шуда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт аст.

Қобили тазаккур аст, ки ёқути сурх аз ҷумлаи сангҳои қиматбаҳо буда, беҳтарин намунаҳои он дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Умуман ёқут, зумуррад, лаъл, тилло ва ҳама сангу металҳои қиматбаҳои дар нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашуда маҳсули табиати биҳиштосои Тоҷикистонанд.

Дар ҳалқаи давродаври заррини нишон ибораи «Ситораи Президенти Тоҷикистон» аз тилло ҳаккокӣ шудааст.

Дар дохили доираи ситораи ҳафтгӯша Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тилло тасвир ёфтааст.

Ситораи ҳафтгӯша бо нурҳои хос аз тиллои сафед оро ёфтааст, ки онро шукӯҳу зиннат бахшида, рамзи покию озодагии рӯҳ ва сират мебошад.

Ҳар хатти тӯлонии нур (маҷмӯан: 7 хатт) бо се лаъли ҳалқагин, хатҳои миёна (маҷмӯан: 14 хат) бо ду лаъли ҳалқагин ва хатҳои хурди нур (маҷмӯан: 14 хат) бо 1 лаъл оро ёфтаанд.

Ба ҳар гӯшаи Ситора лавҳаи мураббаъи заррин (маҷмӯан: 7-то) васл гардидааст, ки дар қисмати болоии он санги зумуррад дар шакли мураббаъ ҷойгир аст.

Ордени такмилёфтаи «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи як бо нишони ҳалқавии Шери болдори дар ҳоли ҳаракати доимӣ буда васл гаштааст. Шери болдор аз даврони қадим рамзи қудрат, шукӯҳ ва азамати давлат шинохтаю эътироф шудааст.

Нишони ҳалқавии Шери болдор аз ду ҷониб бо лавҳаҳои хосси заррин ва Шаддаи зарин пайваст аст. Тасвири ин лавҳаҳо ифодаи лавҳаи суннатии қудрат мебошад.

Шаддаи заррин 13 ҳалқаи зарринро дар таносуби муайян ва паиҳам пайванд намудааст.

Дар 6 ҳалқаи заррин тасвири Шери болдор ва дар 7 ҳалқаи заррини дигар дар заминаи ранги осмонӣ тасвири заррини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

Қобили таъкид аст, ки Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз як Президент ба Пре-зиденти дигар, ки аз ҷониби мардум интихоб мегардад, дар фазои тантанавӣ расман супурда ва ба таври хосса нигоҳдорӣ мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520