Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.11.2013 09:47, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Таҷлили нуздаҳумин солгарди нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.

Ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба шарафи ин ҷашни фархундаву муборак, ки баъди ҳазор сол роҳи муосиру демократии ташаккулу пешрафти давлатдории миллиамонро муайян сохт, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори осуда ва пирӯзиҳои тоза орзу менамоям.

Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ нуздаҳ сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид.

Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебаранд, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд.

Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.

Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад.

Сиёсатмадорону таҳлилгарон асоси пешрафти давлат, ташаккули ҷомеа ва инкишофи ғояҳои солими давлатдориро натиҷаи мавҷудият ва амалишавии меъёрҳо ва талаботи қонуни асосии ҳар як кишвар маънидод менамоянд.

Аз ин рӯ, давлате, ки барои таъмини амалишавии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ шароит фароҳам намеорад, ба монеа ва мушкилоти гарон дучор мегардад.

Бо итминон метавон изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвар баробари қабули Контитутсия фаъолияти худро дар асоси талаботи он ба роҳ монда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мунтазам иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуд.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.

Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун нерӯи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро, ки табиатан ба ӯ хос мебошанд, мустаҳкам намуда, ӯҳдадории давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамояд.

Дар Конститутсия халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон чун вазифаи муҳими давлат сабт шуд ва кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид.

Манфиатҳои миллии давлат дар меъёрҳои Конститутсия таҷассум ёфта, афзалияти онҳо бо дарназардошти эътирофи расмии санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ пурра ба инобат гирифта шуданд.

Имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андохта, нақши муҳими Конститутсияро, пеш аз ҳама, дар таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон метавон таъкид кард.

Аз ин рӯ, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳо¬ки¬мият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаълияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳамчунин озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла озодии сухан, гуногунандешӣ, дар доираи қонун таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, ба таври озод истифода намудан аз воситаҳои ахбори омма ва воситаҳои нави технологияи иттилоотиву коммуникатсионро кафолат медиҳад.

Дар заминаи Конститутсия бо дарназардошти талаботи замони муосир дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки ин раванд барои рушди бонизому пурсамари самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин санади олии ҳуқуқӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфикру огоҳи кишвар имрӯз вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳо ин омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия ва қонунҳои дигари дар мамлакат қабулгардида мебошад.

Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги қонунфаҳмиву қонуншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонони мамлакатро вусъат бахшида, масъулияти онҳоро дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон баланд бардорем.

Ҳамватанони азиз!

Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Мо имрӯз барои амалӣ сохтани ин ниятҳои неки худ тамоми шароиту заминаҳои заруриро фароҳам овардаем ва танҳо бо сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳаммаромӣ ва заҳмати созанда метавонем мушкилоти мавҷударо паси сар намуда, бо ифтихор миллати худро, ки дар таърихи башар ҳамчун миллати сулҳпарвар, адолатхоҳу эҷодгар шинохта шудааст, ба ояндаи дурахшон ҳидоят созем.

Бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба муносибати нуздаҳумин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - ин ҳуҷҷати муқаддасу таърихӣ самимона табрик мегӯям.

Ҳамеша саломату сарбаланд ва пирӯзу хонаобод бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520