Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияҳои шодбошии роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон

07.11.2013 17:41

Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ба Презденти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи таҳниятӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Муҳтарам Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон,

Иҷозат диҳед хушнудӣ ва таҳнияти самимии худро ба муносибати дубора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон баён намоям.

Натиҷаи интихоботи Президентии кишвари Шумо баёнгари он аст, ки кулли мардуми тоҷик пуштибони сиёсати дохилӣ ва хориҷии Шумост. Аминам, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлат Тоҷикистон ба дастовардҳои  афзунтаре ноил мегардад. Имсол аввалин соли ба роҳ мондани ҳамориҳои стратегӣ миёни Чину Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, барои рушди муносибатҳои дуҷониба имконоти беназире пайдо гирдиданд. Ман омодаам, ки бо Шумо барои равнақи ҳамкориҳои муҳими стратегии Чину Тоҷикистон, ки ба нафъи кишвар ва халқҳоямон мебошанд, талош варзам.

Ба Шумо сиҳатии комил ва дар корҳоятон барор мехоҳам.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоӣ ва ба халқи он хушбахтиву саодатмандӣ орзу дорам". 

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омадааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.

Ин пирӯзӣ нишонаи боварии баланди мардуми Тоҷикистон ба Шумо ва накши Шумо дар роҳи якдилӣ ва саодатмандии мардум аст. Боварӣ дорам, ки фаъолияти Шумо дар ин мансаби олӣ дар самти рушд ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт.

Аминам, ки муносибатҳои бисёрҷонибаи миёни Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар асоси анъана ва дӯстиву ҳусни эҳтироми мутақобил асос ёфтаанд, дар оянда низ ба манфиати халқҳои бародари ду кишвар рушду таҳким хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо Эмомалӣ Шарифович сиҳатии комил ва муваффақиятҳои тоза, ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам".

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов гуфта мешавад:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуданатон қабул фармоед.

Мутмаинам, ки фаъолияти Шумо дар ин мансаби олии давлатӣ дар самти рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар асоси муштаракоти таърихӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил ва бо назардошти манфиатҳои ду ҷониб бунёд ёфтаанд, саҳм хоҳад гузошт.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович сиҳатии бардавом, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно намоям".

Дар барқияи шодбошии Прзиденти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко омадааст: 

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ғолибиятатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Халқи тоҷик бори дигар ба Шумо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ боварии худро изҳор намуда, ҷонибдорӣ аз сиёсати ҷорӣ намудаи Шуморо, ки ба таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ,баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон равона шудааст, тасдиқ кард.

 Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди ҳамгироии байни кишварҳоямон, характери фаъоли ҳамкориҳои дуҷонибаро зикр менамоям ва боварӣ дорам, ки минбаъд дар рӯҳияи созанда ҳамкориҳои дуҷонибаамон рушд меёбанд.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович тани сиҳат, нерӯи беинтиҳо, дар мақоми масъулиятнокатон ба манфиати халқи тоҷик бурдбориҳо таманно дорам".  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520