Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гуфтугӯйи телефонӣ бо Ҳомид Карзай

08.11.2013 09:06, шаҳри Душанбе

Миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай суҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Президенти кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ҳомид Карзай Эмомалӣ Раҳмонро дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз номи мардуми шарифи кишвари Афғонистон ба роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон саломатии бардавом ва барору комёбӣ таманно намуд.

Ҳомид Карзай изҳори эътимоду боварӣ намуд, ки дар ин марҳилаи таърихие, ки дар раёсати давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад, муносиботи дӯстиву иртиботи ҳасанаи ду кишвар раванди тоза ва ҷилои нав касб мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520