Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияҳои шодбошии роҳбарони кишварҳои хориҷӣ

08.11.2013 10:20, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Президенти аз нав интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шудан ба мансаби Президенети Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоям.

Пирӯзии боэътимоди Шумо дар интихобот аз боварии комил нисбат ба Шумо, аз дастгирии халқи Тоҷикистон сиёсати Шуморо, ки мақсад аз он таҳкими мустақилияту соҳибихтиёрии кишвар, рушди демократия, тартибу низом ва қонуният аст, далолат мекунад.

Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояи мо минбаъд ҳам ба густариши муносибатҳои неку дӯстонаи анъанавӣ, рушди ҳамкорӣ ва фаъолияти мутақобилаи байни кишварҳоямон ба манзури шукуфоии халқҳоямон мусоидат менамояд.

Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти давлатии Шумо ба нафъи Тоҷикистони дӯст муваффақиятҳо орзу мекунам”.

Дар барқияи шодбошии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ омадааст:

“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Интихоби муҷаддади Ҷаноби Олӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо, Давлат ва миллати кишваратон самимона табрик мегӯям.

Ин интихоби муҷаддад, фурсатеро барои самарабахшии талошҳои масъулини Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ шудани барномаҳои дар дастури кори миёни ду кишвар фарохам хоҳад намуд.

Умедворам, дар давраи ҷадид ва дар партави сайъу кушишҳои муштарак, беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобити миёни ду кишвар дар ростои манфиатҳои мутақобили ду миллат ва ҳамчунин тавсеаи сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бошем.

Аз Худованди мутаол, саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ, сарафрозӣ ва беҳрӯзии Давлат ва миллати дӯст ва бародари Тоҷикистонро орзу дорам”.

Дар барқияи шодбошии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфта мешавад:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаамро қабул фармоед.

Аз ин имконияти гуворо истифода намуда, ба Шумо тансиҳатии бардавом, ғайрату қувваи ҳаётбахш, ҳамчунин бахту саодати шахсӣ ва дар ин мансаби олии давлатӣ ба нафъи пешрафту шукуфоии халқи дӯсти Тоҷикистон комрониҳоро таманно дорам.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, итминону эҳтиромоти бепоёнам нисбат ба Шумо ва омодагии доимиамро дар амри рушду таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаи байни кишвару халқҳоямон қабул фармоед”.

Дар барқияи шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфта мешавад:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович

Табрикоти самимии маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шутанатон қабул фармоед.

Ғалабаи комил дар интихобот нишонаи сатҳи баланди эътимоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва хизматҳои шахсии Шумо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад.

Робитаҳои миёни Русия ва Тоҷикистон хусусияти анъанавии дӯстона ва созанда доранд.

Мехоҳам ҳавасмандиро барои идомаи кори самарабахши муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ ба манфиати халқҳои бародарамон ва баҳри таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ изҳор намоям".

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тани сиҳат, дар фаъолияти масъулиятнокатон комёбиҳои тоза ва тамоми хушиҳоро таманно дорам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520