Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ аз Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи, Сарвазири Малайзия Дато Сри Мохд Наҷиб, Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Таир Мансуров ва Вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон

15.11.2013 17:05

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

“Ҷаноби Олӣ,

Менависам, ки табрикоти самимии хешро ба муносибати дубора интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол дорам. Мо, дар Ҳиндустон мутмаинем, ки зери роҳбарии Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва пешравии халқи тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон равобити анъанавии наздик ва дӯстона доранд.

Бо хушнудӣ аз аз сафари Шумо дар Ҳиндустон дар моҳи сентябри соли 2012 ёд мекунам, ки ба муносиботи дуҷонибаи мо сатҳи стратегӣ бахшид. Ман мутмаинам, ки татбиқи қарорҳои зимни сафари Шумо ба дастомада дар оянда муносиботи моро таҳким мебахшад.

Ҳамчунин мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб таманниёти беҳтарини худ – саломативу бурдборӣ, сулҳу шукуфоӣ ба халқи Тоҷикистон ирсол намоям.

Ҷаноби Олӣ, лутфан изҳори эҳтироми беандозаи маро қабул фармоед”.

Дар барқияи табрикотии Сарвазири Малайзия Дато Сри Мохд Наҷиб омадааст: 

“Ҷаноби Олӣ,

Боиси сарфарозист, ки ба Шумо табрикоти самимии хешро ба муносибати ғолибиятатон дар интихоботи президентии ба наздикӣ доиршуда ирсол медорам.

Мутмаинам, ки бурдбории Шумо гувоҳи дастгирии ҳамаҷониба ва боварии халқи тоҷик ба Ҷаноби Олӣ аст. Умедворам, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо Тоҷикистон ҳаловати суботи сиёсиро идома дода, минбаъд низ ҷиҳати шукуфоӣ талош мекунад.

Имконоти ҳамкории наздикро бо Шумо ба манфиати тарафайни ду кишвари ба ҳам дӯст ва халқҳоямон бесаброна интизорам.

Ҷаноби Олӣ, лутфан изҳори эҳтироми беандозаи маро қабул фармоед”.

Дар барқияи табрикотии Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Таир Мансуров омадааст:

“Муҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон!

Шуморо аз самими қалб бо ғалабаи боварибахши навбатӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастгирии кулли мардумро аз сарвари худ нишон дод, табрик мегӯям!

Бо шарофати сиёсати давлатии самараноки Шумо, Тоҷикистон ба комёбиҳои муҳим дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардид. Бо номи Шумо мардуми Тоҷикистон барҳақ орзую омоли хешро ба оянда тавъам медонад.

Ба туфайли обрӯю эътибори эътирофшудаи Шумо дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ бо иштироки роҳбарони СММ ва сарварони давлатҳои зиёд баргузор мешаванд.

Ҳиссаи Шумо дар ҳамгироии босамари кишварҳои узви ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё ба манфиати мардумони мо хеле назаррас аст.

Ба Шумо, Эмомалӣ Раҳмони азиз, комёбиҳои нави беназир, сиҳатмандии комил, умри дароз ва ба хонадони Шумо хушию саодатмандиро таманно дорам!

Ба мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ ва саодатро хоҳонам”.

Струан Стивенсон, Вакили Парлумони Аврупо дар номаи шодбошии худ мегӯяд:

“Муҳтарам Президент,

Иҷозат фармоед бинобар аз нав интихоб шуданатон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намоям. Пирузии мутлақатон аз дастгирии халқи Тоҷикистон, ҷашнгирандаи сулҳу суботе, ки Шумо ба Тоҷикистон пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣй овардаед, шаҳодат медиҳад.

Талошҳои Шумо барои бунёди иқтисодиёти таҳким ва рушдёбанда, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми тоҷикистониён нигаронида шудааст, боиси дастгирӣ аст. Нишонаи аввалини ин ҳаракат барои рушд, бешубҳа, хотимаи лоиҳаи сохтмони НОБ-и Роғун аст, ки эҳтиёҷоти энергетикии Тоҷикистонро қонеъ хоҳад гардонд, инчунин имконият хоҳад дод, ки қувваи барқ ба Покистон ва Афғонистон содир карда шавад. Орзу дорам, ки ин лоиҳа ҷомаи амал пушад.

Ҷаноби Президент, Иттиҳоди Аврупо президентии Шуморо эҳтиром медорад ва нақши калидие, ки Тоҷикистон дар ҷабҳаи мубориза бо терроризм ва маводи нашъаовар мебозад, эътироф менамояд. Аз ин ру, шахсан шодам, ки Шуморо бо аз нав интихоб шуданатон табрик намоям ва Шуморо аз ҳамкорӣ ва кумакам дар солҳои оянда боварӣ кунонданиам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520