Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Исфара

04.08.2011 15:00, шаҳри Исфара

Аз шаҳри Истаравшан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ташриф овард.

Боздиди навбатии Сарвари давлат аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия - Баракат, ки самти асосии фаъолияташ коркарду бастабандии меваи хушк мебошад, оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, корхонаи мазкур соли 2009 ба фаъолият шуруъ намуда, дар майдони зиёда аз 850 метри мураббаъ ҷойгир шудааст.

Корхона аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки ҳар яке, вобаста ба таъмини ашёи хом, дар як соат метавонад аз 300 то 700 кг меваи хушкро дар бастаҳои гуногуни дилхоҳи мизоҷон бастабандӣ кунад.

ҳоло корхонаи Баракат бо корхонаи қаннодии «Богородская» - Русия шартномаи ҳамкорӣ имзо намуда, ният дорад, ки содироти ҳосили боғоти Тоҷикистонро, ҳамчунин ба кишварҳои Аврупо ба роҳ монад.

Соли 2010 корхонаи Баракат 1 400 тонна меваи хушкро коркард ва содирот намудааст. Корхона бо иқтидори имрўзааш метавонад зиёда аз 1500 тонна меваи хушкро бо сифати баланди мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ коркарду бастабандӣ намояд.

Роҳбарияти корхона як қатор нақшаҳои дигар низ доранд. Бунёди корхонаи коркарди меваи тару тоза ва истеҳсоли конфетҳои шоколадӣ аз нақшаҳои наздиктарини ояндаи онҳо мебошад.

Дар ин корхона зиёда аз 110 нафар коргарон ва мутахассисон соҳиби ҷойи кор шудаанд. Маоши миёнаи онҳо 350 сомонӣ аст. Роҳбарияти корхона бо ҳидояти Сарвари давлат уҳдадор шуданд, ки ба истиқболи 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, маоши миёнаи коргаронро аз моҳи сентябри соли равон як баробар зиёд намуда, ба 700 сомонӣ расонанд.

Чунонки зикр гардид, ин панҷумин корхонаи хурди коркарди меваи хушк дар шаҳри Исфара мебошад.

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара, ҳамчунин як бинои 4 – ошёнаи маркази савдо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 100 соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Танҳо дар сехи дўзандагии он 40 нафар занону духтарони шаҳри Исфара бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Дар шуъбаҳои савдои он, бештар маҳсулоти корхонаҳои саноатии ватанӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди нахи пахта ва ҷўроббофӣ, ба фурўш бароварда шудаанд.

Дар ин ҷо, ҳамчунин миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони исфарагии муқими Русия сўҳбати ҷолиб сурат гирифт. Тавре зикр гардид, қисмати онҳо дар минтақаҳои гуногуни Русия корхонаҳои хурди саноатӣ низ бунёд намудаанд, аз ҷумла доир ба коркарди меваи хушк ва дигар маҳсулоти хоми Тоҷикистон. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо маслиҳат дод, ки чунин корхонаҳоро дар ватани худ ҳам бунёд намоянд. Ба иттилои онҳо, чунин нақшаҳо мавҷуданд ва дар ояндаи наздик як қатор корхонаҳои хурди саноатӣ дар ин ҷо бунёд хоҳанд ёфт.

Дар хоҷагии деҳқонии Навгилеми шаҳри Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои сабзавот ва кишти такрорӣ дидан карда, ба таҷрибаи ибратбахши аҳли заҳмати он баҳои баланд дод.

Тавре зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагӣ аз заминҳои ѓалладона аз 50 то 70 сентнерӣ ҳосил рўёнда, дар ҷойи он кишти такрории сабзавот ва полезию лўбиёгиҳоро ба роҳ мондаанд.

Дар 220 га офтобпараст барои дон кишт шудааст, ки аз он равѓан хоҳанд кашид. Барои ин коргоҳи равѓанкашӣ ҳам бунёд ёфтааст. Ба иттилои роҳбарияти хоҷагӣ дар ин ҷо 8 намуди офтобпараст кишт мешавад, ки равѓаннокии онҳо аз 40 то 56% - ро ташкил медиҳад. Мутахассисони хоҷагӣ, ҳамчунин дастгоҳҳои худсози ҷудо намудани дони офтобпараст ва ҷуворимакка сохтаанд, ки ҳар яке дар як соат то 800 кг донро ҷудою тоза мекунанд.
Аҳли хоҷагӣ аз ҳар гектар замини помидор 450-500 сентнерӣ ҳосил мерўёнанд ва нақша доранд, ки ҳосилнокии ин зироатро ба 850-1000 сентнерӣ расонанд.

Зимни мулоқот бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми шаҳру деҳоти Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои онҳо пусух гуфта, ба масъулини ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ доир ба бартараф намудани як зумра камбудию мушкилоти мавҷуда супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520