Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

06.08.2011 11:00, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Имрўз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов идома ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як муассисаи нави истироҳатӣ ва солимгардонии наврасону ҷавонон иштирок намуд.

Тавре зикр гардид, ин иншоот дар зарфи қариб 4 соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, барои истироҳату фароғат ва машқу тамринҳои таълимию варзишии мактаббачагони хушлаёқат аз тамоми гўшаҳои кишвар пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур дорои бинои маъмурият, 6 бинои хобгоҳ бо 240 кати хоб, утоқҳои табобатӣ, ошхона, толори намоиши кино, амфитеатр, ҳавзҳои муҷаҳҳазу ҳозирзамони шиноварӣ, корти теннис, майдонҳои варзишӣ, аз ҷумла барои футбол, волейбол, баскетбол, пайконзанӣ, муҳорибаҳои тан ба тан ва майдончаҳои бозиҳои гуногун барои хурдсолон мебошад.

Тамоми толору майдонҳои варзишӣ бо шароити мувофиқ ба талаботи машқу тамрини варзишгарони касбии сатҳи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гаштаанд. Аз ҷумла ҳавзи болопўшидаи даруни толор, ки обаш гарм карда мешавад ва ҳам ҳавзи тобистонаи воқеъ дар майдони варзишӣ ба стандартҳои муосир ҷавобгў мебошанд.

Аснои боздид Сарвари давлат дар синфу толорҳои дарсӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ бо мактаббачагони хушлаёқат ва варзишгарони наврас, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҷойҳои намоён сазовор гардидаанд, сўҳбатҳои ҷолиб анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз бунёди чунин иншоот ва ғамхорӣ ба кўдакону наврасон изҳори хушнудӣ карда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароғати насли ояндаи кишвар ба масъулин ҳидоятҳои муфид дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки катҳои дуқабатаи хоб оварда, шумораи истироҳаткунандагонро дар як баст аз 240 ба 480 нафар расонанд. Тавре зикр гардид, ҳудуди васеи истироҳатгоҳ ва биноҳои сершумори он барои зиёд намудани шумораи истироҳаткунандагон имкон медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда сохтмони марҳилаи дуюми биноҳои истироҳатгоҳро оғоз бахшид.
Зимни суханронии табрикӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки минбаъд дар ин ҷо барои истироҳат ва машқу тамринҳои таълимию варзишии 1000 нафар дар як баст шароит муҳайё мегардад. Дар ин ҷо, ҳамчунин як бинои таълимӣ барои дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои гуногуни хонандагон ва омодагӣ дидани онҳо ба олимпиадаҳои мактабӣ бунёд меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520