Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 23 ноябри cоли 2013 № 526
ш. Душанбе

Дар бораи Раиси Кумитаи кор бо занон
ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Хидирова М.У.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хидирова Махфират Умаровна Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ХИДИРОВА МАХФИРАТ УМАРОВНА
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


ХИДИРОВА Махфират Умаровна 6 сентябри соли 1973 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1995 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои фалсафа.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ба сифати ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб оғоз намуда, сипас дар солҳои 2002-2005 дар вазифаҳои муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат, дотсенти кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2005-2010 Узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз марти соли 2010 ба ҳайси муовини Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардида, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520