ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 23 ноябри cоли 2013 № 529
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани
Раҳимов С. Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
Бо сабаби барҳам додани Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Султон Нурмаҳмадович аз вазифаи муовини якуми Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон