Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Клаус Герхаусер

27.11.2013 10:23, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Клаус Герхаусерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории судбахши дуҷониба баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд ин муассиса ба кишвари мо дар ҳаҷми беш аз 1 миллирад доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намудааст. Ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо маблағи зиёда аз 650 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои афзалиятноки муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки осиёии рушд барои дастгирии пайвастаи рушди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла барои дастгирии таҳияи лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон - Туркманистон» арзи сипос кард. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бонки мазкур ҳамчунин дар маблағгузории сохтмони қисмати тоҷикистонии ин роҳ ширкат хоҳад дошт.

Ҳарду ҷониб изҳори ҳамфикрӣ карданд, ки имкониятҳои истифоданашуда дар ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ҳанӯз зиёд аст.

Гуфтугӯйи судбахш атрофи барномаи дар ҳоли таҳияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2014-2016 сурат гирифт. Таъкид гардид, ки дар ин барнома ба беҳтар намудани шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ ва рушди бахши хусусӣ бояд афзалият дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520