Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ

29.11.2013 19:08

Шоҳи Нидерланд Уилям-Александр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Таманниёти беҳтарини маро ба муносибати ба муҳлати нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон қабул фармоед”.

Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Индонезия Сусило Бамбанг Юдойоно омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Индонезия мехоҳам табрикоти самимиамонро ба муносибати ба тозагӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози фаъолият намуданатон иброз намоям.

Бо интихоби муҷаддади Шумо ман самимона изҳори умед менамоям, ки Индонезия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ва дар тӯли солҳои зиёд ба манфиати ҷонибҳо рушдёбандаро минбаъд низ идома медиҳанд. Иқтидори ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни ду кишвар зиёд аст. Бо мақсади рушди соҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ байни давлатҳоямон ман муштоқона мунтазири ҳамкорӣ бо Шумо ҳастам.

Иҷозат диҳед бори дигар Шуморо бо интихоби дубораи таърихиатон шодбош гӯям ва ба Шумо ва аҳли оилаатон дар корҳои минбаъдаи идораи кишвари бузургатон таманниёти беҳтаринро хоҳонам.

Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам эҳтироми волои маро қабул фармоед”.

Дар барқияи шодбошии Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ, савдои беруна ва корҳои аврупоии Шоҳигарии Белгия Диде Реиндерс омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Боиси хушҳолист, ки номаи шодбошиамро ба Шумо, ба муносибати дубора ба мансаби Президент интихоб шуданатон ирсол медорам.

Таманно дорам, ки халқи тоҷик тавонад рушд кунад ва аз рушди босамар барои ҳама баҳра гирад”.

Дар барқияи табрикотии Раиси гуруҳи дустии парлумонии Фаронса-Тоҷикистон Андре Дюле омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам аз номи худ ва аз номи ҳайати гуруҳи дӯстии парлумонии Фаронса-Осиёи Марказӣ Шуморо Ҷаноби Олӣ ба муносибати ба даст овардани пирӯзӣ дар интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният мегӯям.

Қаноатмандии худро аз сӯҳбатҳои дӯстонаи Шумо, ки дар ҷараёни сафари ман ба ҳайси роҳбари ҳайати гуруҳи дӯстии парлумони Фаронса-Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор гардида буд, изҳор медорам ва итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири ин пешрафти созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.

Қарори Шумо, Ҷаноби Олӣ оиди ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса хело муҳим аст.

Ҷаноби Олӣ ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояи эҳтиром ғанимат мешуморам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520