Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш

29.11.2013 19:24, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубишро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат Ян Кубиш бори дигар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ӯ ва мардуми кишвар барору комёбӣ ва амалишавии умеду ормонҳоро таманно намуд.

Зимни мулоқот масоили гуногуни вобаста ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла таъмини амнияту субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар пас аз соли 2014 баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кулли минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520