Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 30 ноябри cоли 2013 № 535
ш. Душанбе
 

 

Дар бораи Раиси Раёсати Бонки
давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Амонатбонк» таъин намудани Норинов Ҷ.Н.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъин карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

НОРИНОВ ҶАМШЕД НУРМАҲМАДОВИЧ
Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович 14 декабри соли 1960 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати назоратчӣ-тафтишотчии Вазорати молия оид ба вилояти Қӯрғонтеппа оғоз намуда, то соли 1994 дар вазифаҳои назоратчӣ-тафтишотчӣ дар ноҳияи Бохтар, сарназоратчӣ-тафтишотчии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Қӯрғонтеппа ва муовини якуми сардори Идораи молияи вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 1994-2006 сардори Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сардори Идораи назорати давлатии молиявии дар вилояти Хатлон будаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2006-2012 ба ҳайси муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз моҳи марти соли 2012 дар вазифаи муовини раиси вилояти Суғд фаъолият дорад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520