Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 30 ноябри cоли 2013 № 543
ш. Душанбе

Дар бораи Сардори Хадамоти назорати
давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани
Мирзоев С.С.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
Мирзоев Сиҷоуддин Саломович Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
 

МИРЗОЕВ СИҶОУДДИН САЛОМОВИЧ
Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирзоев Сиҷоуддин Саломович – 2 июни соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1989 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ, геофизик хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба сифати геофизик-оператори Эспедитсияи ҷанубӣ дар шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) оғоз намуда, солҳои 1991-2003 дар мансабҳои сардори отряди сейсмологӣ, муҳандис-геофизики Эспедитсияи ҷанубии Тоҷикистон, сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи истеҳсолии «Наврӯз» шаҳри Кулоб, сардори сехи электрикии конструксияи оҳану бетонии №8, муовини директори генералии Ширкати «Саддам» дар шаҳри Сарбанд, нозири кӯҳӣ-техникии Идораи Госгортехнадзори Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2003-2006 муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони Нерӯгоҳи оби барқии Роғун адои вазифа кардааст.

Солҳои 2006-2011 дар мансаби муовини аввали Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз августи соли 2011 то имрӯз Котиби масъули корпоративии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» мебошад.

Бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520