Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат

16.08.2011 16:00, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони гиромӣ!
Падару модарон ва
устодону хонандагони азиз!

Ба шарофати дастоварди бузургтарини таърихи навини халқи тоҷик, яъне соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии давлатамон мо имкон пайдо кардем, ки дар баробари таъмин намудани рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ соҳаи маорифро ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати худ эълон дошта, барои таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр кардани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос тамоми чораҳои заруриро зина ба зина амалӣ намоем.

Ва чунонки ҳамаи шумо шоҳид ҳастед, солҳои охир, хусусан ба истиқболи ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва таъмиру таҷдиди мактабҳо торафт вусъат гирифта истодааст.

Имрўз дар остонаи ин ҷашни бузург мову шумо ба муносибати ифтитоҳи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаем ва ҳамаи шумо - сокинони олиҳиммату ватанпараст, падару модарони гиромиқадр ва омўзгорону хонандагон – ворисони абармардони бузурги халқи тоҷик - устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Айниву Турсунзода, Носири Хусраву Шайх Саъдиро бо ин рўйдоди муҳим табрик мегўям.

Мо хишти аввали сохтмони ин муассисаи таълимиро моҳи июли соли 2008 бо иштироки намояндагони мардуми сарбаланду ватанпарасти шаҳри Хоруғ гузошта, ба муҳандисону сохтмончиён ва масъулини соҳа дастур дода будем, ки ин маркази илму донишро то ҷашни истиқлолияти мамлакати азизамон бунёд карда, ба ихтиёри шумо – созандагони ояндаи Ватан вогузор намоянд.

Мактаби мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 31 миллион сомонӣ ва барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бо сатҳу сифати баланд ва тарҳи зебои меъморӣ дар мўҳлати муқарраршуда омода гардид.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи бунёдкорону мутахассисоне, ки дар бобати саривақт ба охир расонидани сохтмони ин муассисаи замонавии таълимӣ ва иншооти ёрирасони он саҳми ватандўстонаву арзанда гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Бинои таълимии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат аз се ошёна ва 6 иморати алоҳида иборат буда, дар он барои дарсомўзии хонандагони зинаҳои гуногуни таҳсилот ҳамаи шароити таълимӣ, корҳои беруназсинфӣ ва фароғатӣ мавҷуд мебошад.

Аз ҷумла, барои хонандагони хурдсоли синфҳои ибтидоӣ синфхонаҳои таълимӣ, компютерӣ, утоқҳои бозиҳои серҳаракат ва барои шогирдони синфҳои болоӣ утоқҳои таълимӣ ва компютериву лингафонӣ барои омўзиши забонҳои хориҷӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, синфхонаи махсуси технологӣ, устохонаи коркарди чўбу металл, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ, маҷлисгоҳ барои 365 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва дигар бахшҳои таълимӣ муҳайё карда шудаанд.

Дар ҳудуди мактаб инчунин майдони волейболу баскетбол ва боғи зимистона низ бунёд гардидааст.

Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ ва таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои охир давлату ҳукумати Тоҷикистон дар ин фосилаи кўтоҳи соҳибистиқлолӣ барои сохтмони чунин мактабҳои нави замонавӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таъмирталаби таълимӣ, бунёди синфхонаҳои иловагии барҳаво ва таъминоти онҳо бо маводу таҷҳизоти зарурӣ маблағҳои калонро сафарбар намудааст, то ки насли наврасу ҷавонони мо аз омўзиши илмҳои муосир дар канор намонанд ва соҳиби саводу маърифат шуда, оянда ба Ватан ва халқи худ ба таври сазовор хизмат намоянд.

ҳоло дар 314 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 42 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, 5450 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба ба онҳо дарс меомўзанд.

Соли ҷорӣ ҷиҳати дастгирии муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 50 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2005 4 баробар зиёд мебошад.

Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 18 мактаб барои 7400 ҷойи нишаст дар ду баст ва 12 бинои иловагӣ барои 3900 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи умумии қариб 35 миллион сомонӣ ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Умуман, дар солҳои 2000 - 2010 дар ҳудуди вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 140 мактаби таҳсилоти умумӣ сохта ва таъмиру таҷдид гардидааст ва ин раванд босуръат идома дорад.

ҳамчунин, иҷрои Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барзиёд таъмин гардида, дар 220 синфхонаи компютерӣ 2200 адад компютер насб шудааст ва имрўз ба ҳар як компютер 9 нафар хонанда рост меояд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар кишвар мебошад. Танҳо соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 60 мактаб ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст карда шудааст.

Бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон бо қувваи барқи доимӣ таъмин буда, устодону хонандагони муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар озмоишгоҳу устохонаҳо ва утоқҳои лингафонии омўзиши забонҳои хориҷӣ бидуни маҳдудият ба азхудкунии касбу кор, забономўзӣ ва тавсеаи донишу ҷаҳонбинии худ машғул бошанд.

ҳамватанони гиромӣ!

Давлату ҳукумати мамлакат дар баробари муҳайё кардани шароити зарурӣ барои насли наврас ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълими толибилмон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ диққати махсус зоҳир менамояд.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки солҳои охир шумораи хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят торафт афзоиш меёбад.
Иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии мактаббачагон ва сазовори мақому ҷоизаҳои баланд гардидани онҳо, инчунин барои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар ва донишкадаву донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ қабул шудани хатмкардагони мактабҳои вилоят далели равшани гуфтаҳои боло мебошад.

Танҳо соли гузашта аз 529 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ 307 нафар ба мактабҳои олии кишвар ва 90 нафар ба донишгоҳҳои олии давлатҳои хориҷӣ шомил шудаанд, яъне дар маҷмўъ 75 фоизи хатмкардагон соҳиби шаҳодатномаи донишҷўӣ гардидаанд.

Ҳамаи ин натиҷаҳо далели он мебошанд, ки мардуми маърифатдўсту фарҳангпарвари Бадахшон ҳамеша барои азхуд кардани донишҳои мухталифи замона саъю кўшиш намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба дарёфти илму маърифат доим талош меварзанд, ки ин бисёр хуб аст.

Ҳукумати кишвар нақшаи қабули донишҷўёнро аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон тибқи квотаи Президентӣ сол то сол зиёд карда, теъдоди онро барои соли таҳсили 2011 136 нафар ва соли хониши оянда 144 нафар муқаррар намудааст.

Чунонки хабар доред, чанд рўз пештар бо мақсади беҳтар кардани вазъи иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф Фармони Президенти мамлакат ба имзо расид, ки тибқи он аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши онҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Мо бо қабули чунин иқдомот умед дорем, ки сатҳу сифати корҳои таълиму тарбия боз ҳам беҳтар мегардад.

Бинобар ин, аз шумо - хонандагони азиз мо танҳо хониши аъло, одоби ҳамида, ифтихори баланди миллӣ, ҳисси ватандўстӣ, эҳтиром ба устодону омўзгорон ва рамзу муқаддасоти Ватан, аз ҷумла Конститутсия, Нишону Парчам ва Суруди миллиро тақозо дорем, зеро бо пос доштани нишонаҳои олии худшиносиву худогоҳии миллӣ ақлу заковату хирадмандӣ таҳким меёбад.

ҳамчунин таъкид менамоям, ки вазифаи шумо боз ҳам хубтар аз худ кардани забони давлатӣ, яъне забони ширину шоиронаи тоҷикӣ мебошад.

Чунки забони давлатӣ ифодакунандаи ҳастии миллат ва асоси маънавии ваҳдати миллии мо - тоҷикон мебошад.

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ дар ояндаи наздик ба яке аз марказҳои намунавии таълиму тарбияи толибилмони кишвар табдил меёбад ва шумо - хонандагони азиз бо хониши хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида ва садоқат ба Ватани маҳбубамон сазовори номи баланди шогирди ин даргоҳи илму дониш ва шаҳрванди соҳибмаърифату ватандўсти мамлакати азизамон мегардед.

ҳоло ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки ба иловаи хобгоҳи омодагардидаи замонавӣ барои 408 нафар толибилмон як хонаи истиқоматии бистҳуҷрадорро барои омўзгорони мактаб сохта, дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин ба истифода диҳад.

Мо аз наврасону ҷавонони имрўза, аз ҷумла ҷавонони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон умеди зиёд дорем, зеро онҳо ояндаи Ватан ва созандагони фардои сарзамини аҷдодии мо мебошанд.

Мо минбаъд низ тамоми чораҳоро меандешем, ки ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун ворисони сазовори ин марзу бум ва номбардорони миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба камол расанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - мардуми сарбаланду ватандўсти шаҳри Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, устодону хонандагони азиз ва падару модарони гиромиро бо фарорасии ҷашни муқаддаси бистсолагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамон ва ифтитоҳи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар маркази вилоят - шаҳри зебои Хоруғ табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, оромии рўзгор ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520