Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 6 декабри cоли 2013 № 582
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мирбобоев Р.М.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

МИРБОБОЕВ РАҲМАТУЛЛО МАДАЮБОВИЧ
муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИРБОБОЕВ Раҳматулло Мадаюбович 22 августи соли 1956 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1977 дар вазифаи ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои муаллими калони кафедра, муовини декан, дотсенти кафедра дар Донишгоҳи мазкур кор кардааст.

Солҳои 2006-2010 дар вазифаҳои декани факултети молиявию иқтисодӣ ва факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2010-2012 вазифаи муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Аз соли 2012 дар вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор карда истодааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520