ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 6 декабри cоли 2013 № 597
ш. Душанбе
Дар бораи ректори Донишгоҳи техникии
Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
таъин намудани Одинаев Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Одинаев Ҳайдар ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ОДИНАЕВ ҲАЙДАР
Ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
Одинаев Ҳайдар 12 декабри соли 1955 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисоси муҳандис-механик-технолог хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1973 аз ҳисобчии корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Ҳамадонӣ оғоз намудааст.
Солҳои1988-1994 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси устод ва мудири қисми таълимӣ кор кардааст.
Солҳои 1995-1996 сардори идораи мактабҳои миёна ва олии касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1996-2005 дар вазифаи муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2005-2008 ба ҳайси Мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2008 то соли 2009 сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва аз моҳи июли 2009 то имрӯздар вазифаи директории иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шахри Душанбе фаъолият менамояд.
Доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо унвонҳои «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор,соҳиби 7 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ таъин гардид.