Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 6 декабри cоли 2013 № 608
ш. Душанбе

Дар бораи ректори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
таъин намудани Назаров Х.Х.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назаров Хайрулло Холназарович ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

НАЗАРОВ ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАРОВИЧ
Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон


НАЗАРОВ Хайрулло Холназарович 24 декабри соли 1975 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси муҳандис-химик-технолог хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1998 ба ҳайси ассистенти кафедраи химия ва биологияи умумии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав оғоз намуда, солҳои 1999-2006 дар вазифаи ассистент ва саромӯзгори Коллеҷи политехникии шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият намудааст.

Солҳои 2006-2010 дар вазифаи мудири кафедраи фанҳои умумитехникии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи сетябри соли 2010 дар мансаби декани факултаи электроэнергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон кор карда истодааст.

Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520