ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 6 декабри cоли 2013 № 609
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Директори Муассисаи таълимии
давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони
болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон»
озод намудани Пирхонова Қ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Пирхонова Қурбоной бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон