Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи
вазифаи раиси ноҳияи Файзобод
таъин намудани Мирзоев И.К.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирзоев Имом Каримович иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
13 декабри соли 2013
№100

 

 

Мирзоев Имом Каримович
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод


Мирзоев Имом Каримович – 10 апрели соли 1963 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1988 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси забони тоҷикӣ ва адабиёт ва соли 2003 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти истеҳсолоти аграрӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ба ҳайси ҳуқуқшинос – машваратчии хоҷагии Ёвон-5 оғоз намуда, минбаъд котиби комитети комсомол, котиби комитети ҳизбӣ ва муовини директори хоҷагии Ёвон-5 кор кардааст.

Солҳои 1998-2003 ҳамчун Директори хоҷагии иҷоравии ба номи Р. Абдураҳимови ноҳияи Ёвон ва аз соли 2003 то соли 2006 мудири Шӯбаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2006-2011 муовини раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 2011-2013 дар мансаби сармутахассиси (ҳамоҳангсози) Котиботи ислоҳоти аграрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд аст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520