Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Нишони давлатӣ

25.08.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!

Дар остонаи ҷашни бузурги 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидани боз як иншооти муҳим - муҷассамаи Нишони давлатӣ, ки рамзи ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллӣ ва нишонаи сарбаландиву сарфарозии халқи мо мебошад, барои ҳар кадоми мову шумо рўйдоди басо муҳиму хотирмон аст.

Ба муносибати дар ин мавзеи навбунёд, вале хеле зебои пойтахти мамлакат бо азамати ба худ хос дар баландии 45 метр эъмору ҷойгир гардидани Нишони давлатии Тоҷикистон - рамзи озодиву истиқлол ва давлату давлатдории мустақил, пойдориву ҷовидонии муқаддасоти миллиамон ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегўям.

Ва ба ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки дар ин иқдоми ватандўстона саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Нишон ва нишонгузорӣ суннати бисёр қадима буда, дар миёни халқҳои олам бо мақсади муайян намудани қавму аҷдод, миллату халқият, мансубияти маҳаллу моликият тасвирҳои гуногуни рамзӣ мавриди истифода қарор доштааст ва баъдан бо пайдоиши давлатҳо истифодаи рамзҳои фарқунандаи ҳар як давлату миллат маъмул гардидааст.

Нишони давлатӣ баёнгари соҳибихтиёрии давлат буда, дар дохил ва хориҷи он тавассути ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ягонагӣ ва мустақилияти давлат, шахсияти шаҳрвандон ва моликияти кишварро собит менамояд ва бинобар ин, яке аз муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад.

Мо низ бо ифтихори бузург аз Ватану ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлати соҳибихтиёрамон муҷассамаи Нишони давлатиамонро бунёд намуда, аз ҳамин лаҳза онро барои тамошову зиёрати мардуми кишвар ва меҳмонони он ифтитоҳ мебахшем.

Таърих халқи тоҷикро борҳо ба имтиҳону ҷонбозиҳои зиёд рў ба рў намудааст ва мардуми мо ҳар дафъа мушкилоти ба сараш омадаро бо матонату таҳаммул, арҷгузорӣ ба муқаддасоти олии сарзамини аҷдодӣ, хоку оби он ва гузашта аз ин, ҳувияти миллии худро ҳамчун миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун ҳифз кардааст.

Тасвиру рамзҳои Нишони давлатии мо баёнгари таърихи қадима ва иқлими камназири мамлакат буда, кўҳҳои сарбаланд бо қуллаҳои худ ишора ба кўҳсори тоҷик, шўълаи хуршед нишонаи иқлими офтобии кишвар, шаҳодати нури зиё ва равшаниву шукуфоӣ, тоҷи зарин рамзи фарру шукўҳ бар сари миллат ва ҳафт ситора гувоҳи ҳафт иқлим ва орзуву омоли нек ба сўи ояндаи ободу осуда мебошанд.

ҳамзамон бо ин, хўшаҳои гандум ва ниҳоли пахтаи бо парчами кишвар печонидашуда ҳамчун нишонаи ризқу баракат, сарсабзиву пояндагии миллату давлат ва китоби бозшуда чун гувоҳи хиради азалии миллати куҳанбунёди мо аз таъриху тамаддун ва арҷгузорӣ ба илму дониш шаҳодат медиҳанд.

Таваллуди кўдаки навзоду номаи камоли боргоҳи илму маърифат, ҳуҷҷату шаҳодатномаҳои шаҳрвандиву асноди байналмилалии давлат бо тасвири Нишони миллӣ тасдиқ ёфта, пули миллӣ, шиноснома ва дигар асноде, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон дода мешаванд, нашрияҳои давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, сутунҳои марзӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мукофотҳои давлатӣ ва либоси расмии шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ ё хизмати дигари давлатӣ қарор доранд, бо таҷассуми нишони давлатӣ шаҳодати соҳибихтиёрии давлати мо мебошанд.

ҳоло кишвари мо бо даҳҳо давлати хурду бузурги ҷаҳон робитаҳои дўстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, дар аксари онҳо намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд ва Нишону дигар муқаддасоти Ватанамон дар ин кишварҳои олам муаррифгари доимии давлати тоҷикон мебошанд.

Бист соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мову шумо имрўзҳо бо ифтихори бузургу номуси баланди ватандорӣ дар остонаи таҷлили он қарор дорем, дар таърихи навини мо давраи созандагиву бунёдкорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон ва густариши муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии он бо дигар мамолики дунё мебошад.

Яъне мо имрўз ба шарофати истиқлолият соҳибватану соҳибдавлат ва соҳибихтиёр ҳастем.

Бинобар ин, мо бояд ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрӣ ба қадри истиқлолият ва муқаддасоти Ватан, аз ҷумла Нишону Парчам ва Суруди миллӣ расем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки бидуни ин муқаддасот ва рамзҳо мо наметавонем давлат ва мардуми соҳибтамаддуни хешро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

Мо бояд ин нуктаро ба кўдакону наврасон ва ҷавонони кишвар, ки созандагони ояндаи Ватан мебошанд, ҳамеша талқин намоем ва онҳоро дар рўҳияи ватандориву ватанхоҳӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия кунем.

Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси Ватандорӣ мебошанд.

Бо камоли ифтихор ва эҳтирому садоқат ба яке аз рамзҳои муҳими миллӣ - Нишони давлатӣ ифтитоҳи иншооти мазкурро дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон бори дигар ба ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба хурду бузурги Ватан рўзгори нек ва ояндаи босаодатро орзу менамоям!
Ва пешниҳод менамоям, ки аз ҳамин лаҳза ин мавзеъ Майдони нишони давлатӣ номгузорӣ шавад.
Бигзор осмони софу дурахши ситораҳои Нишони миллӣ ҳамчун рамзи ваҳдату устувории давлату миллат абадан поянда монад ва азамату шукўҳи рамзҳои давлатии Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр дар арсаи олам мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як фарди кишвар бошад!

Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520