Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 13 декабри соли 2013 №621
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири
корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҷабов И.С.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҷабов Искандар Солеҳович муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

РАҶАБОВ ИСКАНДАР СОЛЕҲОВИЧ
муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҷабов Искандар Солеҳович 4 июли соли 1963 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1987 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2001 Академияи Идоравии Вазорати корҳои дохилии Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Баъд аз адои курсҳои Олии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Саратов дар мансабҳои гуногуни ҷузъу томҳои вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла сардори бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии шӯъбаи корҳои дохилии ҳукумати ноҳияи Октябр, сардори бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ дар системаи кредит ва молияи раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди коррупсияи раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди корупсия дар мақомотҳои давлатии раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармушовири Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2004-2007 сардори Бюрои маркази миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2007 то соли 2008 Роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия фаъолият намудааст.

Солҳои 2008-2010 ҳамчун машваратчии Шӯъбаи амнияти мудофиавии Шӯрои амнияти Ҷумҳури Тоҷикистон адои вазифа кардааст.

Аз январи соли 2010 дар мансаби сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои рутбаи махсуси генерал-майори милитсия мушарраф шудааст.

Барои хизматҳои шоён ва фидокорӣ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520