Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

220 нафар аз роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

27.08.2011 09:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 220 нафар аз роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф ва як зумра соҳибкорони хусусиро бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз намуд.

Дар оғози маросими имрўзаи мукофотсупорӣ нахуст ду нафар бо ордени Дўстӣ сазовор дониста шуд.

Хизматҳои арзандаи як нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1 ва 16 каси дигар бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадр карда шуд.

Шумораи зиёди кормандони соҳаҳои илму маориф, соҳибкорони хусусӣ ва мардуми касбу кори гуногун бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардиданд.
Бо медали 20 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёд аз роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони хусусӣ, пешқадамони истеҳсолот, олимону омўзгорони хизматнишондода ва дигарон мушарраф гардиданд.

11 нафар олимону омўзгорони пуртаҷриба ва кормандони хизматнишондодаи дигар соҳаҳо бо унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.

25 нафар кормандони сатҳу зинаҳои гуногун аз соҳаҳои мазкур, ки дар таъмини пешрафти кори ин соҳаҳо ва тарбияи насли ҷавони ояндасоз саҳми намоён гузоштаанд, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин бори панҷум аст бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар ба шарафи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонда мешаванд. Дар маҷмўъ 1106 нафар бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сазовор дониста шуд.

Мусаллам аст, ки ҳар як нафари бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида, аз ҷумла ҳар як роҳбар ва олиму омўзгор дар таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли худогоҳу ватандўст ва соҳибмаърифату соҳибҳунар, ки масъулияти фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба дўш гирифта тавонанд, нақши намоён гузоштаанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки онҳо ва ҳар яке аз афроди пешоҳангу пешқадами ҷомеа бо фаъолияти ҳамарўзаи пурсамари худ минбаъд низ ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи нек мардумро ба қадршиносии сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ ҳидоят намуда, дар таблиғи арзишҳои ҷовидонаи милливу умумибашарӣ ва тарбияи инсони комил саҳми арзанда мегузоранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ мушарраф гаштанашонро нишонаи қадршиносии заҳмат ва саҳми арзандаашон дар рушди давлатдорӣ ва таҳкими фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520