Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори иҷроияи Гурўҳи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден

27.08.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Гурўҳи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриденро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрсола ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари нақшаҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти беҳсозии идораи иқтисоди кишвар, сиёсати молиявӣ, соҳаи энергетика, пуштибонӣ аз соҳибкории хусусӣ ва ғайра зоҳир карда шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз соли равон ҳаҷми кўмакҳои молиявии Бонки ҷаҳонӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 25% афзуд ва минбаъд ҳар сол барои дастгирии буҷети давлатӣ ва дигар корҳо 60 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо карда мешавад.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба рафти корҳо барои асосноксозии иқтисодӣ-техникӣ ва омўзиши таъсири экологӣ – иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун ва ҳамчунин доир ба ташкили бозори минтақавии фурўши нерўи барқ сурат гирифт.

ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520