Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои Иттиҳод, ки рўзҳои 2 – юм ва 3 – юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон барои қабули меҳмонони олимақом, мақомоти кории Иттиҳод, ҳайатҳои расмӣ ва ҳамроҳи давлатҳои аъзо, намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум ва ба роҳ мондани тамоми чорабиниҳои ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омодагии хуб дидааст.
Сергей Лебедев ин ҳама омодагӣ ва ободию шукуфоиро «нишонаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон» арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дурнамои фаъолияти ин созмон гуфтугўйи судманд сурат гирифт.