Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи мухтасар ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» №116 аз 17.01. 2014

18.01.2014 11:32, шаҳри Душанбе

Дар асоси муқаррароти банди 20 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 вобаста ба тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 2014 таҳти № 116 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рисолати он дар давраи гузариш аз ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллии рушд, таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, пеш аз ҳама ба таҳлили вазъ дар макроиқтисодиёт, таҳияи ташаббусҳои стратегӣ, дурнамо ва мониторинги татбиқи стратегия ва сиёсат, ҳамоҳангсозии раванди ислоҳот, муайян кардани афзалиятҳои рушд, инчунин таҳияи пешниҳодҳои асоснок сафарбар мегардад.

Дар баробари ин механизми воқиф сохтани аҳолӣ ва дигар манфиатдорони раванди рушд аз сиёсати пешгирифта ва тадбирҳои андешидашавандаи роҳбарияти давлат ва ҳукумат такмил дода шуда, сатҳи хизматрасонии давлатӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа баланд бардошта мешавад.

Таҷдиди сохтор инчунин ба рафъи духӯрагӣ, такрорёбии вазифаҳо ва тақсимоти дақиқи функсионалии сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Дар ин радиф бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, барои тақвияти низоми ҳамоҳангсозии фаъолият воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроия ба блокҳои алоҳидаи соҳавӣ гурӯҳбандӣ ва раёсатҳо таъсис дода шудаанд.

Мақсади асосии ин тадбирҳо аз баланд бардоштани мақом ва мавқеи сохторҳои Дастгоҳи иҷроия дар раванди таҳия ва қабули қарорҳо ва андешидани чораҳои идорӣ, инчунин таъмини фаъолияти мустақилонаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи сиёсат ва стратегияю барномаҳои давлатии соҳавӣ иборат мебошад.

Дар баробари таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроия санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти он, аз ҷумла Низомномаи Дастгоҳи иҷроия, Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, вазъи ҳуқуқию функсионалии Дастгоҳи иҷроия ҳамчун мақоми марказии идоракунии давлатӣ ва ҳамоҳангсоз таъмин карда мешавад. Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани мақоми хизмати давлатӣ ва ҷорӣ кардани усулҳои нави идоракунӣ дар хизмати давлатӣ ва мутобиқсозии он ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар идоракунии захираҳои инсонӣ нақши сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроия дар ин самти муҳими сиёсати давлатӣ бештар ҷалб гардида, ба идоракунии соҳа тақвият бахшида мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520