Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуд.
Игор Шувалов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишвар гузориш дода, аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кард.
Хотиррасон бояд намуд, ки қисме аз созишномаҳо дар бораи дароз намудани муҳлати будубоши Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи гумрукӣ ва содда намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба тасвиб расида, қисмати дигар дар арафаи тасвиб қарор доранд.
Тавре таъкид гардид, тибқи созишнома дар бораи шароити кории шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар муҳлати иҷозатнома барои кор аз 1 соли ҳозира бояд то ба 3 сол дароз карда шавад.
Чунонки зикр гардид, мубодилаи санадҳо доир ба тасвиби ин созишномаҳо, ки аз оғози ба ҳукми қонунӣ даромадани онҳо башорат хоҳанд дод, ба наздикӣ аз ҷониби сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сурат хоҳад гирифт.
Зимни мулоқот бо ишора ба муносиботи стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русия ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари ҳамкорӣ таъкид доштанд.