Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

03.09.2011 09:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи ду кишвар, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Туркманистон дар 6 моҳи соли равон ба 54 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки аз нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта 177% зиёд аст. Робитаҳои дуҷонибаи ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, андозбандӣ, гумрук ва бахшҳои гуманитарӣ дар асоси 52 санади имзошуда ба роҳ монда мешавад.

Бо таҳсилоти олӣ фаро гирифта шудани беш аз 1000 нафар донишҷўёни туркманистонӣ дар Тоҷикистон нишонаи рушди намоёни робитаҳои ду кишвар дар соҳаи маориф арзёбӣ гардид.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, металлургия, нақлиёту роҳсозӣ, пайвасти мустақими шабакаҳои барқию нақлиётии ду кишвар ва атрофи масоили минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520