Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так

10.02.2014 13:13, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Такро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос кард. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои шарикӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо маблағи умумии беш аз 750 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо гардидааст. Ҳоло бо маблағи умумии 223 миллион доллари амрикоӣ 13 лоиҳа бо маблағгузории грантии Бонки ҷаҳонӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обтаъминкунӣ, хоҷагии манзилӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ амалӣ мегарданд.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи бештар ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи кишварии Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018 зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҷараёни ташхиси иқтисодию техникӣ ва экологию иҷтимоии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, оғози бунёди хатти барқии 500 киловолтаи минтақавии CASA-1000, маблағгузории қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520