Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Украина Виктор Янукович мулоқот намуд.
Дар вохўрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «Украина тадриҷан дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мақоми пешқадамро касб мекунад». Чунонки иттилоъ дода шуд, дар 6 моҳи соли 2011 ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Украина ба 101 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 43% зиёд аст.
Виктор Янукович ба пешрафту тараққиёти кунунии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: «Сарфи назар аз вазниниҳо ва нооромиҳои солҳои аввали истиқлолият ва таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ имрўз мо шоҳиди рушду нумуи босуботи кишвари Шумо мегардем».
Виктор Янукович, ҳамчунин ба натиҷаҳои раисии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва омодагӣ ба ҳамоиши имрўза баҳои баланд дод.
Аз суръати рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, металлургия, мошинсозӣ, ҳарбӣ-техникӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
ҳамзамон таъкид гардид, имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Украина ҳанўз хеле зиёданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Тоҷикистон ба Украина ба рушди минбаъдаи муносиботи судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.