Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ

11.02.2014 08:29

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шумо ва тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муносибати сиюпанҷумин солгарди Инқилоби Исломӣ самимона табрику таҳният гӯям.

Рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишвари дӯсту бародари Эрон аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Мо итминон дорем, ки муносибатҳои созандаю судманди мо дар оянда низ пайваста бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ гашта, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётии ҳар ду кишвар хоҳанд буд.

Дар таи солҳои охир ҷонибҳо дар бахшҳои муҳимтарини ҳамкорӣ ба тавофуқоти муҳиму сершумор расида, ҷараёни иҷрои онро таҳти пайгирӣ қарор додаанд.

Мо хоҳони вусъати бештару хубтари ин ҳамкориҳо ва кушодани саҳифаҳои ҷадиди тавсеаи равобити густурдаи Тоҷикистону Эрон буда, итминон дорем, ки кишвари бародар низ дар садади чунин ҳадафҳост».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520